Вазоифи зан дар хонавода

Хонаводаи намуна ва муваффақ, хонаводаест, ки маҳалли амну оромиш барои аъзо буда ва меҳрубонию раҳмат бар он ҳоким бошад. Пас, барои барқарории ин вижагиҳо дар хонавода бояд банои он, бар пояҳои имонӣ ва тарбияти динӣ устувор гардад ва ахлоқи каримона ва масъулиятпазирӣ бар хонавода ҳоким шавад. Барои он ки як хонаводаи намуна шакл гирад, ҳамаи аъзои он бояд ба ҳуқуқ ва таклифи худ пойбанд бошанд.

***   ***   ***

Зан ва хидмат дар хона

Алӣ (а) фармуд:

«Рўзе ба Фотима тавсия кардам, ба ҷиҳати он ки бар асари осиёб намудани гандум дасташ варам карда ва бар асари ҳамли машки об кифтҳоят захмӣ шуда ва бар асари тоза кардани манзил либосҳояш ғуборолуд шуда буд, назди Паёмбар биравад, то аз ў тақозо намояд, барояш хидматгузоре муҳайё кунад. Вақте назди Паёмбар рафт, иддаеро назди он ҳазрат дид ва бе он ки суханашро ба миён гузорад, бозгашт.

Рўзи дигар Паёмбар ба хонаи мо омад ва гуфт:

«Духтарам, дирўз чӣ коре бо ман доштӣ?»

Фотима сокит шуд ва ман мушкили ў ва сахтиҳое, ки ў дар хона дорад, баён кардам ва гуфтам назди шумо омада буд, то кўмаккоре талаб кунад.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд:

«Духтарам, худотарс бош ва воҷиботи илоҳиро анҷом деҳ ва дар хонаат, худат кор кун ва зиндагии шавҳар ва фарзандонатро идора намо ва ҳар гоҳ барои хоб ба бистар рафтӣ сию се бор «Субҳоналлоҳ» ва сию се бор «Алҳамду лиллоҳ» ва сию чаҳор бор «Аллоҳу Акбар» бигў, ки ин кор барои ту аз доштани хидматгор беҳтар аст (ва туро қудрату қувват иноят мекунад).

Фотима гуфт:

«Аз Худо ва Расули Худо розӣ шудам ва дигар ниёзе ба ходим ва кўмаккор надорам».

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон