расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 5 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: Тӯйхона мотамхона шуд… Садамаи марговари мошини домод дар роҳи Тоҷикобод – Пилдон

Ҷомеа / Ҳаводис

5 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: Тӯйхона мотамхона шуд… Садамаи марговари мошини домод дар роҳи Тоҷикобод – Пилдон

Рӯзи якшанбе бар асари ба ҷарии тахминан 200 метр чаппа шудани як мошини тамғаи Киа дар роҳи Тоҷикобод – Пилдон ронанда ва як зани мусофири ин мошин ба ҳалокат расида, мусофири дигар, ки домод будааст ва барои овардани арӯсаш ба Пилдон мерафт, ҷароҳати вазнин бардоштааст.
ВКД хабар дод, ки “рӯзи 6-уми декабри соли 2020, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “КIA”, Ҳотамов Дилшод Саймуродович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Тоҷикобод ба самти ноҳияи Лахш, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, тахминан 200 метр ба ҷарӣ рафта чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина Ҳотамова Аҳлинисо Ҳотамовна, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати деҳоти Сари-киштии ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Ронандаи автомашинаи тамғаи “КIA”, Ҳотамов Д.С., ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири он, Раҳмадзода Мустафо Раҷаб, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.”

Бино ба иттилои “Спутник”, зани ҳалокшуда аммаи домод ва ронанда – амакбачаи домод будаанд. Ин фоҷиа, мутаассифона, ду тӯйхонаро ба мотамхона табдил дод.
Talabshoh Talbiev
Туйи домодию аруси чихурсандие набуд,ки падару модар ва дигарон интизори арус буданд ногох овозае омад ки мешини домод дар рох ба садама дучор шуд маълум шуд ки шах ва 1 нафар бахалокат расиданд ва 2нафаридигар дар беморхона дар холати вазнин карор дорад .Вокеа дар Пилдони нохияи Лахш (Чиргатол) шудаст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.