5 ҳазору 460 нафар шаҳрвандони аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон воридгардида ба карантин фаро гирифта шудаанд

Аз 1  феврал то 25 марти соли равон 5 ҳазору 460  нафар шаҳрвандони  аз кишварҳои дигар  ба Тоҷикистон воридгардида  дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то санаи зикргардида  2002 нафар  ба хонаҳояшон рухсат шуда, айни ҳол 3 ҳазору 458  дигар зери назорати карантинӣ  қарор доранд.  Аз миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда, 107 нафарро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Ин иттилоъ  25 март зимни ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат  дода шуд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зикр намуд, ки масъалаи пешгирӣ аз интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли  коронавирус (COVID- 19) дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шудааст, ки  Роҳбарии ситод ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вогузор шудааст.

«Ҳамзамон, дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллӣ барои пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис дода шудааст. Инчунин  ҳамарӯза дар  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ҷалсаи ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ду маротиба доир шуда, дар он масъалаҳои марбут ба сирояти коронавирус, аз ҷумла андешидани чораҳои пешгирикунандаи он  мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд»,- афзуд Саида Умарзода.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, аз ҷумла  захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ, муҳайё намудани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва дигар масъалаҳои марбута ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҳисобот доданд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, чораҳои пешгирикунандаи он дар ҷумҳурӣ рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон