ВИДЕО +18: НАШРИ ВИДЕОИ МАРГБОРТАРИН САДАМАИ СОЛИ ҶОРӢ

 


Диққат! Аз онҳое ки дилу асабашон суст аст, хоҳиш мешавад, ки ин видеоро тамошо накунанд!

РВКД вилояти Суғд дар барномаи телевизионии "Милитсия хабар медиҳад” видеои садамаи рӯзи 17 март дар километри 191-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд дар назди деҳаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристонро нашр кард. Дар ин садама бар асари ба мошини боркаши ДАФ бархӯрдани "Опел-Зефира”, ронанда ва 5 мусофири "Опел” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигари он, аз ҷумла як ноболиғи 10-сола ҷароҳат бардоштанд. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД Суғд гуфт, ин садама, ки маргбортарин садама дар се моҳи аввали соли 2020 ба шумор меравад, ба ду иллат – бо суръати баланд рондани мошин ва ба самти муқобили роҳ баромадани ронандаи кирокаши "Опел” рух дода, сабаби марги якбора 6 инсон шуд. Ҳар сол бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Бино ба иттилои расмии мақомоти милитсия, рӯзи 17-уми марти соли 2020, тахминан соати 16:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Зафира», Иброҳимов Маҳмадризо Саъдиевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон, дар 191+500 километри шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи "ДАФ”, ки таҳти идораи ронанда, Бозоров Меҳрубон Қурбонович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Бохтар қарор дошт, бархӯрд.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Зафира» Иброҳимов М.С. ва мусофирони дохили автомашина: Раҳимов Икромҷон Ҷӯрабоевич, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Исфара, Саъдуллоева Гулсиной Аҳруллоевна, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, Файзов Маҳмадсаид Раҳмонович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Ваҳдат, Иргашов Абдуғаффор Абдуллоҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, Назаров Фаррух Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ду мусофири дигари «Опел Зафира» - Мирхӯҷаев Шерозхӯҷа Шодмонхӯҷаевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хуҷанд ва ноболиғ Каримзоди Фарзодбек, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона, бистарӣ гардидаанд.

Диққат! Аз онҳое ки дилу асабашон суст аст, хоҳиш мешавад, ки ин видеоро тамошо накунанд!

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон