Сарватманд Алишер Усмонов дар Тошканд хонанишин шуд

Алишер Усмонов.
Алишер Усмонов.

Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русия дар суҳбат бо маҷаллаи Forbes Russia гуфт, дар назди вабои коронавирус ҳама баробаранд ва дар чунин давра зиёни молӣ охирин чизе аст, ки одам дар бораи он меандешад.

“Бидуни шубҳа, вируси нав ба тиҷорат таъсир мерасонад, ҳамчуноне, ки мутаассифона, ба иқтисоди ҷаҳон таъсир расонидааст. Соҳибкорон на танҳо саҳмия, балки масъулият ҳам доранд. Барои онҳо ҳам вирус ва ҳам мавҷи иттилоотие хатар дорад, ки бозорро ба ларза меорад. Ва дар назди вабо ҳама баробаранд, Худо кунад, ки солим монем”, -гуфт Алишер Усмонов.

Вай ҳамчунин гуфт, ки ҳоло дар куҷо қарор дорад.

“Бо назардошти он ки ман ба гуруҳи осебпазир шомил мешавам, дар зодгоҳам, дар шаҳри Тошканд худро хонанишин кардаам”, - афзуд Усмонов.

Пештар аз ин мақомоти Узбекистон ба сокинони аз 65-сола боло тавсия доданд, ки бидуни зарурат аз хона берун нашаванд.

Бино ба иттилои охирин, дар Узбекистон 55 ҳолати гирифторӣ ба вируси нав сабт шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон