Ҳабси 39 кас дар Алмато баъди вайрон кардани талаботи карантин

Алмато, Қазоқистон.19 март, 2020.
Алмато, Қазоқистон.19 март, 2020.

"Барои вайрон кардани талаботи карантин дар шаҳри Алматои Қазоқистон 39 касро ҳабс карданд",-менависанд расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба додситонии шаҳрӣ.

Ба иттилои додситонӣ, 73 ҳолати убури марз сабт ва 11 субъекти соҳибкорӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шудааст.

"Барои вайрон кардани режими карантин 84 кас ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудааст. Аз ин шумора 39 кас ҳабси маъмурӣ шуд", - хабар дод додситонӣ.

Ҳамчунин 9 ҳолати гарон фурӯхтани ниқобҳои тиббӣ ошкор шудааст.

Дар Қазоқистон то кунун 79 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт гардидааст.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон