Коронавирус нагузошт, Узбекистон мактаби сохтаашро дар Суғд кушояд

Ифтитоҳи мактаби рақами 12 дар ноҳияи Спитамен
Ифтитоҳи мактаби рақами 12 дар ноҳияи Спитамен

Бинои як мактаби миёна дар вилояти Суғд, ки бо сармояи ҳукумати Узбекистон бунёд шуда, қарор буд, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни имсолаи Наврӯз бо ҳузури мақомҳои баландпояи ду кишвар кушода шавад, то моҳи июн ба таъхир уфтод.

Манобеъ гуфтанд, ба сабаби сирояти коронавирус дар Узбекистон, ки то дам беш аз 50 нафарро гирифтор кард, ҳайати расмии он кишвар ба Тоҷикистон наомад.

Мактаби навро дар ноҳияи Спитамен сохтаанд.

Феълан сарҳади Тоҷикистону Узбекистон бастааст.

Омӯзгорон ва хонандагони мактаби рақами 33 дар ноҳияи Спитамен то лаҳзаи охир ба маросими кушода шудани бинои нав омодагӣ дидаанд. Як масъули идораи маорифи вилояти Суғд гуфт, "субҳи 25-уми март раиси ҷумҳур мактаби рақами 12-ро дар ноҳияи Спитамен боз кард, вале ифтитоҳи мактаби сохтаи Узбекистон ба 27-уми июн, рӯзи ваҳдати миллӣ, мавқуф гузошта шуд."

Масъулони баргузории маросими наврӯзӣ дар Суғд наомадани намояндагони Узбекистонро бо раҳбарии сарвазири он кишвар барои иштирок дар ифтитоҳи мактаб ба барномаҳои пешгирӣ аз вируси нав рабт доданд.

Сокини маркази ноҳияи Спитамен, Мунира Солиева, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷамоати ба номи Турсун Улҷабоеви ин ноҳия мактаби рақами 12-ро ифтитоҳ карданд. "Аммо мактаби 33-ро, ки Узбекистон сохт, накушоданд. Ҳозир он ба қабули хонандагон пурра омодааст, аммо ҳанӯз дарс намехонанд. Бачаҳо чанд вақт хуб омодагӣ диданд, хабари кушода нашудани мактабро шунида, дилмонда шуданд", - афзуд ин мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Ин дар ҳолест, ки 22-юми март Абдулло Орифов, сарвазири Узбекистон дар суҳбати телефонӣ ба ҳамтои тоҷикаш - Қоҳир Расулзода гуфт, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва нақлиёти шахсӣ, ба истиснои мошинҳои борбар, байни ду кишвар муваққатан қатъ мешавад.

То 24-уми март дар Узбекистон 55 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шуда, аз рӯзи сешанбе дар саросари Узбекистон низоми сахти пешгирӣ аз вируси корона роҳандозӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол ягон ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст. Бо ин вуҷуд, чораҳои пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии онро рӯи даст гирифтаанд.

Моҷарои вируси СОVID-19 ва тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба мақомоти Тоҷикистон барои худдорӣ аз маъракаҳои серодам монеи истиқболи тантанаҳои наврӯзӣ дар кишвар нашуд. Имрӯзҳо дар вилояти Суғд маросими наврӯзӣ идома дорад.

Мухолифон ҳукумати Тоҷикистонро барои бепарвоӣ дар ин замина танқид мекунанд.

Сохтмони мактаби рақами 33 дар ҷамоати ба номи Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитамен дар асоси созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон пешбинӣ гардида буд. Тибқи он созиш, Тоҷикистон гуфта буд барои 640 хонанда дар Самарқанд мактаб месозад.

Мактаби наве, ки Узбекистон дар ноҳияи Спитамен сохт, барои 630 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Мактаб дар масоҳати умумии беш аз 2 гектар сохта шуда, он аз таҳхона ва се ошёнаи таълимӣ, инчунин ошхона, толор ва майдончаи варзишӣ иборат аст.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон