Дар Узбекистон усули ташхиси вируси коронаро коркард карданд

Олимони узбекистонӣ усули ташхиси ватании вируси коронаро коркард карданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии он кишвар. Барои коркарди ин усул олимон як моҳ кор кардаанд.

Ташхиси вируси корона ҳамагӣ 5-6 соатро дар бар мегирад. Вазорати тандурустии он кишвар мегӯяд, усули олимони узбекистонӣ ташхиси фаврӣ набуда, балки ташхиси комил аст, ки танҳо дар озмоишгоҳҳои махсус сурат мегирад.

Дар ҳоли ҳозир шумори гирифторон ба вируси корона дар Узбекистон ба 60 нафар расид.

 

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, дар ин кишвар бори аввал ҳолати гирифторие сабт шудааст, ки бемор ба хориҷ нарафта ва ба афроди аз хориҷ омада ҳам робита надоштааст.

"Ин духтари 20-солае аст аз шаҳри Тошканд. На худи вай, на волидонаш ба хориҷ нарафтаанд. Аммо эҳтимол меравад, ки вай бо афроди гирифтор ба вируси корона дар нақлиёти ҷамъиятӣ бархӯрда бошад ва ё аз василаҳои истифодаи умум кор бурда ва ба ин тартиб гирифтори вирус шуда бошад", - гуфт Баҳром Алматов, як мақомдори вазорати тандурустии Узбекистон.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон