Карантини Усмонов дар Тошканд: суҳбаташ аз пулу ҷон ва дуои миллиардер©

Алишер Усмонов, акс аз бойгонӣ

Алишер Усмонов, миллиардери ӯзбектабори Русия, мегӯяд, шомили гуруҳи осебпазир аз коронавирус мебошаду феълан дар ватани таърихияш дар Тошканд дар худинзивоъ қарор дорад

Усмонов мегӯяд, пеши пандемияи коронавирус ҳама баробаранд ва дар ин вақти мушкил талафоти молӣ аҳамияти охириндараҷа доранд.

Ӯ дар суҳбат бо Forbes Russia изҳор доштааст, ки дар Тошканд дар карантин қарор дорад, чун ба гуруҳи осебпазир шомил мебошад.

Миллиардер таъкид кардаст, ки коронавирус на танҳо ба тиҷорат, балки ба тамоми бозори ҷаҳонӣ зарба зад.

“Бидуни шак, пандемияи коронавирус ба тиҷорат ва ҳамчунин мутаассифона ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ таъсир дорад. Соҳибкорон на танҳо дороиҳо, балки уҳдадориҳо низ доранд. Барояшон ҳам вирус ва ҳам мавҷи иттилоотие, ки бозорҳоро ба талотум меорад, хатар дорад. Пеши пандемия ҳама баробаранд, Худо насиб кунад, ки ҷон ба саломат барем”, - таъкид кардааст Усмонов.

Ӯ муҳим хондаст, ки барои саломатию хушбахтии одамон роҳбарони давлатҳо ирода нишон диҳанду сарфи назар аз мухолифатҳои геополитикӣ дар баробари ин хатари ҷаҳонӣ муттаҳид шаванд.

Тибқи иттилои мақомоти тандурустӣ ба ҳолати 25 март теъдоди гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон беш аз 422 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон