Вазоифи мутақобили волидайн ва фарзанд (қисмати аввал)

Қисмати аввал: Вазоифи фарзанд нисбат ба волидайн

Фарзандон дар муқобили волидайни худ вазоиф ва масъулиятҳои мухталифе доранд, ки муҳимтарини онҳо ба таври хулоса иборатанд аз:

1-Эҳсон ва некӣ ба волидайн: ҷойгоҳи “эҳсон ва некӣ ба волидайн” аз азамати хоссе бархӯрдор аст. Худованди Маннон мефармояд:

 «لاَ تَعبُدُونَ إِلاَّ اللهَ وَ بِالوَالِدَينِ إِحسَانًا»

“Ғайр аз Худованди ягонаро парастиш накунед ва ба падару модар некӣ кунед”.1

Аз ояти шарифаи боло истифода мешавад, ки таъзим ва эҳтиром ба волидайн лозим ва воҷиб аст, гарчи кофир бошанд. Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Хурсандии Худованд дар гарави хурсандии падару модар аст ва хашми Худо дар гарави хашми онон аст”[2].

2-Ниҳояти эҳтиром ба волидайн: Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд: ” Парвардигорат фармон дода ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳаргоҳ яке аз он ду ё ҳардуи онҳо назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин иҳонате ба онҳо раво мадор ва бар онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу санҷида ва бузургворона ба онҳо бигӯ ва болҳои тавозуи хешро аз муҳаббату лутф дар баробари онон фуруд ор ва бигӯ Парвардигоро! Ҳамон гуна ки онҳо маро дар кӯдакӣ тарбият карданд, машмули раҳматашон қарор деҳ”[3].

3- Ташаккур ва сипосгузорӣ аз волидайн: Яке аз вазоифи инсон, шукри мунъим (неъматдиҳанда) аст ва мунъими ҳақиқӣ Худованди Мутаол аст, ки бояд ӯро ибодат кард. Иллати ин ки Худованди Субҳон, эҳсон ба волидайнро баъд аз ибодати худ зикр карда, он аст ки бифаҳмонад падару модар низ ба инсон эҳсон кардаанд ва шукри он низ лозим аст.

Бинобар ин, ҳеҷ кас баъд аз Худованти Мутаол, ки ҳамаи неъматҳо аз ӯст ба инсон монанди волидайн хидмат накардааст. Аз инрӯ шукри онҳо ва низ эҳсон ба онҳо лозим аст.

4- Азамати ҳаққи модар ва некию эҳсони музоаф ба эшон: Худованди Ҳаким дар Қуръони Карим мефармояд:” Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад, модараш ӯро бо нороҳатӣ ҳамл мекунад ва бо нороҳатӣ бар замин мегузорад ва даврони ҳамл ва аз шир боз гирифтанаш сӣ моҳ аст”.[4]

Ин оят далолат дорад бар ин ки ҳаққи модар бузургтар аз ҳаққи падар бар инсон аст. Зеро дар оғоз масъалаи эҳсон ба падару модарро баён намуд, сипас модарро ҷудогона зикр кард, ки фарзандро бо машаққату ранҷ ҳамлу вазъ мекунад ва ин далолат бар азамати ҳаққи модар мекунад. Паёмбари Акрам(с) дар робита бо мақому манзалати модар мефармоянд: “Биҳишт зери пои модарон аст”.[5]

5- Нигоҳи муҳаббатомез ба падару модар: Паёмбари Ислом(с) мефармояд: “Нигоҳ кардан ба чеҳраи падару модар ибодат аст”.[6] Ва Имом Алӣ(к) дар ҳамин робита мефармоянд: “Бӯса бар рӯи падару модар ибодат аст”.

6- Парҳез аз азияту озори волидайн ва оқ кардани онҳо: Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Нафрину нафрин шудааст, касе ки падару модарашро бизанад, нафрин нафрин шудааст, касе ки падару модарашро озор диҳад”. Ва дар ҷои дигар мефармояд: “Бузургтарин гуноҳон ширк ба Худо ва озор додани падару модар аст”.

7- Ононро ба исм садо назанад ва пеш аз онон роҳ наравад: Марде аз Расули Худо(с) суол кард, ҳаққи падар бар фарзандаш чист? Ҳазрат фармуданд: ” Падарашро бо исм садо назанад ва пешопеши ӯ роҳ наравад ва қабл аз ӯ нанишинад ва боиси дашноми ӯ нашавад”.

8- Бахшиш ба падару модар: Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Оё медонед чӣ бахшише дар роҳи Худо бартар аст? Арз карданд: Худо ва Расулаш донотаранд, ҳазрат фармуд: “Бахшиши фарзанд ба падару модар”.

9-Ҳифзи обрӯ ва ҳайсияти падару модар: Мавлои муттақиён Алӣ(к) мефармоянд: “Фарзанди бад, обрӯ ва шарофати хонаводаро аз байн мебарад ва мояи нангу расвоии пешиниёни худ мешавад”.

10- Истиғфору дуо барои волидайн дар зиндагӣ ва пас аз маргашон: Фарқе дар вуҷуби некӣ ба волидайн ва дуои хайр барои онон дар ҳаёту мамоташон нест; яъне фарзанд вазифа дорад ҳамеша аз даргоҳи Парвардигор барои эшон дуо ва истиғфор намояд. Аз Расули Акрам(с) суол шуд, оё пас аз марги волидайн, чизе аз ҳуқуқи онҳо боқист ё на? Ҳазрат фармуданд: “Бале, намоз ва истиғфор ва дуо барои эшон ва гиромӣ доштани дӯстони онҳо”. Ва низ мефармуданд: “Сарвари некон дар рӯзи қиёмат мардест, ки баъд аз марги падару модараш ба онон некӣ карда бошад”.

11- Ҳуқуқи волидайн пас аз марг: Ҳуқуқи волидайн пас аз маргашон он аст ки:

1-Воҷиботе, ки аз онон дар ҳоли ҳаёт фавт шудааст аз қабили ҳаҷ, намоз, рӯза ва ҳамчунин агар қарздор бошанд, авлод бояд адо намоянд.

2- Ба ончи васият намудаанд фарзанд амал кунад.

3-Онҳоро то охири умраш набояд фаромӯш намояд, барояшон талаби раҳмату мағфират кунад ва ба ниёбат аз онҳо садақа диҳад ва аъмоли мустаҳаббиро ба қасди эшон анҷом диҳад ва то метавонад барояшон хайрот бифиристад ва ғайра.

[1] -Сураи Бақара, ояти 83.

[2] -Канз-ул Уммол, ҷ.16.

[3] -Сураи Исро, ояти 23-24.

[4] – Сураи Луқмон, ояти 14.

[5] – Лубб-ул-лубоби Ровандӣ, ҳ 17933.

[6] – Канз-ул-уммол, ҳ 45336.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон