Беш аз 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар Ҳинд "дармондаанд"

Дар Ҳиндустон, дар пайи ҷорӣ шудани маҳдудият дар робита бо коронавирус, даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам банд мондаанд.

Рӯзи 24-уми март як шаҳрванди Тоҷикистон аз Деҳлӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо сабаби қатъи парвозҳо аз Ҳиндустон, имкони бозгашт ба ватанро надоранд. Ин зан, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, дар Деҳлӣ беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон интизори бозгашт ба ватан ҳастанд ва бархе аз онҳо бо сабаби муолиҷаву ҷарроҳӣ ва гурӯҳи дигар аз рӯи барномаи таълимӣ ба ин кишар рафтаанд.

Ӯ гуфт, талоши онҳо рӯзи 20-уми март барои аз Деҳлӣ ба Остона рафтан натиҷа надод, чун ин ҳавопаймо танҳо барои бурдани шаҳрвандони Қазоқистон омода шуд. "Дар ҳолати номуайянӣ ҳастем, метарсем, ки карантин тӯл кашад, бепул мемонем. Барои ҳар шабонарӯз дар меҳмонхона аз кисаи худ пул медиҳем. Бигузор моро ба ватан бурда, карантин кунанд, вале дар ин ҷо истодани мо душвор мешавад", - гуфт ин зан.

Вай афзуд, бо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Деҳлӣ дар тамос ҳастанд ва онҳо ҳам аз мушкили онҳо огоҳ мебошанд.

Рӯзи 24 март ба Радиои Озодӣ дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ин ҳолатро тасдиқ карданд. Дафтари матбуоти вазорат дар посухи хаттӣ гуфт, воқеан ҳам ба сафорати Тоҷикистон дар Деҳлӣ "беш аз 40 нафар барои бозгашт ба ватан муроҷиат кардаанд. Як гуруҳ аз шаҳрвандон, ки чанд рӯз пеш бояд тариқи хатсайри Деҳлии Нав-Алмато ба Тоҷикистон меомаданд, пас аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар дар онҷо Сафорати кишвар ҷиҳати ҷой ба ҷой кардани онҳо дар меҳмонхонаҳо мусоидат кард. Дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷойҳои зисти муваққатии худ дар Ҳиндустон қарор доранд”.

Ин намояндаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, масъалаи ташкили парвози махсус барои баргардондани шаҳрвандон ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ӯ инчунин гуфт, сафорати Тоҷикистон бо мақомоти Ҳиндустон масъалаи дароз кардани муҳлати раводиди шаҳрвандонро баррасӣ дорад.

Шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар Ҳиндустон ба беш аз 500 нафар мерасад. Даҳ нафар бар асари гирифторӣ ба ин беморӣ фавтидаанд.

Фурудгоҳҳои Ҳинд шумори парвозҳоро шадидан маҳдуд карда, ироаи виза барои то як моҳ қатъ шудааст. Дар ин кишвар муассисаҳои таълимиро то охири моҳи март бастаанд. Би-би-сӣ мегӯяд, дар кишваре бо беш аз як миллиард аҳолӣ то ҳафтае пеш танҳо 6000 нафар аз санҷиши тиббӣ гузаштанд ва ин нокофӣ мебошад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон