Ваъдаи пардохти кӯмак дар давраи ҳолати изтирорӣ дар Қазоқистон

Шаҳри Алмато, 19 март, 2020.
Шаҳри Алмато, 19 март, 2020.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 23-юми март дастур дод, ба шаҳрвандони кишвараш дар давраи ҳолати изтирорӣ, ки ба далели паҳншавии вируси корона эълом шудааст, кӯмак расонида шавад.

Ба иттилои пешакӣ, эъломи ҳолати изтирорӣ ба вазъи молии наздики 500 ҳазор сокин таъсири манфӣ расонидааст. Ҳолати изтирорӣ дар Қазоқистон 16-уми март эълом ва ду шаҳри калонтарини он кишвар - Нурсултон ва Алмато комилан баста шуданд. Дар маҷмӯъ дар Қазоқистон 62 ҳолати гирифторӣ ба вируси нав сабт шудааст.

"Ба ҳамин хотир дастур медиҳам, марҳила ба марҳила пардохти ёриҳои моҳонаро ба касоне роҳандозӣ кунем, ки дар натиҷаи эъломи ҳолати изтирорӣ даромадашонро аз даст додаанд. Ба чунин сокинон моҳона дар ҳаҷми 94 доллар кӯмак расонида шавад. Дар маҷмуъ то 1,5 миллион ҳамватанони мо метавонанд, умедвори дарёфти чунин кӯмакҳо бошанд", - гуфт Тоқаев.

Президенти Қазоқистон ҳамзамон дастур дод, ҳамаи касоне, ки аз хориҷ бармегарданд, ба карантин гирифта шаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон