Талаби маълумотномаи тиббӣ аз сокинон барои равуои дохилӣ дар Туркманистон

Яке аз майдонҳои шаҳри Ишқобод. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз майдонҳои шаҳри Ишқобод. Акс аз бойгонӣ.

Дар Туркманистон аз шаҳрвандоне, ки мехоҳанд аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар кунанд, талаб мешавад, дар бораи мубтало нашуданашон ба коронавирус маълумотнома пешниҳод кунанд.

Мақомоти туркман ахиран дар доираи чораҳои пешгирӣ аз паҳни коронавирус равуо миёни шаҳру вилоятҳоро маҳдуд карданд ва ба онҳое иҷозати сафар ба дигар минтақаро медиҳанд, ки бо пешниҳоди маълумотнома ба коронавирус мубтало нашуданашро исбот кунад.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ талаботи нав навбатпоиҳои тӯлонӣ ва ришвахориро дар муассисаҳои тиббии Туркманистон ҳангоми дарёфти маълумотнома ба миён овардааст.

Дар вилояти Лебапи Туркманистон аз 23-уми март то 1-уми май тамоми масҷидҳо баста шуда, корҳои зиддиуфунӣ ҷараён доранд. Ҳамчунин дар ин кишвар аз 20-уми март равуои сокинон миёни вилоятҳо ба муҳлати номуайян маҳдуд шуда, сокинон барои иштирок дар чорабинӣ ё тӯйҳо танҳо дар асоси иҷозатномаи махсус сафар хоҳанд кард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон