Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 68 расид

Алмато, Қазоқистон. 19 март, 2020.
Алмато, Қазоқистон. 19 март, 2020.

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар пойтахти ин кишвар як ҳолати дигари гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Ин шашумин ҳолати сабти гирифторони нав дар Қазоқистон танҳо дар рӯзи сешанбеи 24-уми март аст.

Ба ин тартиб, шумори умумии гирифторони вируси корона дар Қазоқистон ба 68 расид. Аз ин теъдод 35 тан дар шаҳри Нурсултон, 29 тан дар шаҳри Алмато, ду тан дар Қарағанда, якҳолатии дигар дар вилоятҳои Алмато ва Оқтеппа сабт шудааст.

Дар саросари дунё то шоми 23-уми март бештар аз 372 ҳазор ҳолати гирифторӣ, бештар аз 16 ҳазор марг ва зиёда аз 100 ҳазор ҳолати шифоёбӣ аз вируси нав сабт шудааст.

Мақомоти шаҳри Алматои Қазоқистон гуфтанд, вазифаи асосӣ дар шароити карантин "муҳосираи комили шаҳр" ва "пешгирӣ аз воридшавиву хориҷшавӣ ба ин шаҳр" аст.

Ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон тасмим дорад, тавассути дурбинҳои назоратӣ "фазои ҷамъиятӣ"-ро назорат кунад, чораҳои беҳдоштиро тақвият бахшад ва риояи дигар дастуру супоришҳои ҳукумати Қазоқистонро таъмин намояд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон