расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Муовинони Озода Раҳмон ҳам маълум шуданд

Асосӣ / Сиёсат

Муовинони Озода Раҳмон ҳам маълум шуданд

Яке аз Вазорати молия омаду ва дигаре аз Хадамоти иҷро.

Хаётзода Фирдавс ва Абдураҳмон Ҳалимзод
Сурат: Asia-Plus
Эмомалӣ Раҳмон бо амрҳои худ имрӯз муовинони раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро таъин кард. Ҳафтае пеш Аҳтам Абдуллозода бо як амри Президенти Тоҷикистон аз мақоми муовини  якуми Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод ва сардори Саридораи ҳифзи сири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда буд.
Ҳамчунин имрӯз Саъдӣ Қодирзода муовини дигари Озода Раҳмон аз мақомаш барканор ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд. 
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо амрҳои худ Фирдавс Ҳаётзодаро муовини якум ва Абдураҳмон Ҳалмзодро муовини раиси Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин кард.  Фирдавс Ҳаётзода то ин вақт муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳмон Ҳалимзод муовини вазири молия буданд. 
Ҳамчунин Усмон Авазов аз вазифаи муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зебонисо Султонзода аз вазифаи директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонниз барканор шуданд. 
Эмомалӣ Раҳмон Сайдализода Фозил Сайдалиро машваратчии калон – сардори шуъбаи амнияти мудофиавии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гадоализода Парвизро муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Каромиддинро муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пайрав Амирзодаро муовини сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сабурзода Мирзодавлат Абдолиро сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Парвизро сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷидро сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Карим Абдураҳимро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.