Дар Осиёи Миёна шумораи гирифторони корона меафзояд

Раванди муқобила бо корона дар Қирғизистон.
Раванди муқобила бо корона дар Қирғизистон.

То 22-юми март бештари шумори гирифторони вируси корона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон сабт шудааст.

Ба иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон, 60 ҳолати гирифторӣ дар ин кишвар сабт шудааст, ки 31 ҳолат ба шаҳри Нурсултон, 25 ҳолат ба Алмато, ду ҳолат ба Қарағанда ва 1 ҳолат ба вилояти Алмато рост меояд. Як ҳолати дигар дар вилояти Оқтеппа сабт шудааст.

"Дар Узбекистон шумори гирифторон ба 41 расид", хабар медиҳад вазорати тандурустии он кишвар. Чаҳор ҳолати нави гирифторӣ миёни касоне сабт шудааст, ки дар карантин ҳастанд.

Дар Қирғизистон то субҳи 22-юми март 14 ҳолати гирифторӣ сабт шудааст. Аз ин шумор 8 ҳолат дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод, се ҳолат дар ноҳияи Ноокати вилояти Ӯш ва як ҳолат дар ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд сабт шудааст. Дар ҳудуди ин кишвар сар аз 22 март барои як моҳ низоми изтирорӣ эълом шуд.

Дар саросари дунё то субҳи 22-юми март шумори гирифторон ба наздики 308 ҳазор расид. Шумори қурбониёни ин вирус ба бештар аз 13 ҳазор расид ва 98 ҳазор каси дигар баъди гирифторӣ шифо ёфтааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон