расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЧОР ФАРЗАНДРО КАЛОН КАРДА, ДАР ПИРӢ ХОРУ ЗОР ШУДАМ

. / Ҷомеа

ЧОР ФАРЗАНДРО КАЛОН КАРДА, ДАР ПИРӢ ХОРУ ЗОР ШУДАМ

Ман Тағоева Соҷигул, соли таваллудам 1942, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошам. Модари чор фарзанди баркамол, ду писару ду духтар ҳастам, аммо ягон нафари онҳо мани пирро нигоҳубин намекунанд. Баъди марги шавҳарам ҳамаашон бо ман чап шудаанд.
Як кулбаи вайрона дорам, дар барфу борон бомаш мечакад. Ангишту ҳезум надорам, ки дар ин сардии зимистон алов кунам. Ҳамагӣ 300 сомонӣ нафақа мегирам, аммо ин нарху наворо бинед, ки ба осмони ҳафтум баромадааст, пули нафақаам намерасонад. Дар як моҳ ё ду ҳафта як маротиба ба хонаи домодам рафта, ҳаммом мекунам ва боз баргашта меоям. Шароити зиндагиам беҳад вазнин аст. Аз гиря чашмонам кӯр шудаанд. Наход чор фарзандро калон куниву дар дами пирӣ хору зор шавӣ?! Аз мардуми хайрхоҳ ҳамагӣ як хоҳиш дорам. Як хонаи якҳуҷрагӣ бошаду оби гарм дошта бошад, дигар чизе намехоҳам. То ҷон дар бадан дорам, дар ҳаққашон дуои хайр мекунам. Рақами телефон: 930999612 (Дилафрӯз, набераи Тағоева Соҷигул) подробнее тдж: https://oila.tj/news/chor-farzandro-kalon-karda-dar-pir-khoru-zor-shudam

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.