Вазорат гуфт, ду фирорӣ аз карантинро барои муоина баргардонд. ВИДЕО

Муоина дар фурудгоҳи Душанбе ҳатмист.
Муоина дар фурудгоҳи Душанбе ҳатмист.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ду мусофири ҳавопаймои Истанбул-Душанберо, ки бар хилофи муқаррарот, аз карантин гурехтаанд, ба маҳалли муоинаи ҳатмӣ баргардонидааст.

Вазорат рӯзи 22-уми март дар вебсайти расмиаш хабар дод, ду мусофири ҳавопаймо, ки рӯзи 19 март “то расидан ба маҳали карантин аз автобуси махсус фирор карда буданд, саривақт маълум карда шуда, ба маҳали карантинӣ баргардонида шуданд.”

Вазорат ному насаби ин афродро эълон накардааст, вале гуфтааст, тамоми онҳое, ки аз кишварҳои осебпазир дар баробари бемории Ковид-19 бармегарданд, ҳатман дар ҷойҳои махсуси карантинӣ, таҳти муоинаи тиббӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Видеои фирор аз автобусро рӯзи 20-уми март корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд ва дар он дида мешавад, ки чӣ гуна мардуми дохили автобус эътироз мекунанд, ки чаро ду нафарро бар хилофи муқаррарот мебаранд ва бақия мемонанд. Яке ҳам мегӯяд, “мумкин аст, ҳамон одам бемор бошад ва ба дигарон сироят кунад.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 21-уми март гуфтанд, ки то кунун дар кишвар вируси нав ба касе сироят накардааст, вале то ин рӯз бештар аз 1500 нафарро барои ду ҳафта дар карантин нигаҳ дошта ва ҷавоб додаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон