НАМОЯНДАИ ЮТЭЙР БА ДАҲҲО МУСОФИРИ ТОҶИКИ ДАРМОНДА: МО ПУЛИ ШУМОРО БАРНАМЕГАРДОНЕМ, БА МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН МУРОҶИАТ КУНЕД (ВИДЕО)

19/03/2020

Тақрибан 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки мебоист шоми 19 март аз фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав бо ҳавопаймои ширкати ЮтЭйр ба Душанбе парвоз мекарданд, ба сабаби баста шудани фурудгоҳҳои Тоҷикистон дар Внуково дармондаанд. Ҳавопаймо бояд соати 20:55 аз Внуково парвоз мекард ва бисёре аз мусофирон бағочи худро алакай супурда, ба тарафи ҳавопаймо мерафтанд, ки аз Душанбе барқияи фаврӣ дар бораи аз соати 00:00-и 20 март баста шудани ҳавопаймоҳои Тоҷикистон расид ва намояндагони ЮтЭйр эълон карданд, ки парвоз ба Душанбе лағв шудааст. Бисёре аз мусофирон чиптаи парвозро бо нархи гарони 25-30 ҳазор рубл харида буданд, чунки баъди баста шудани марзҳои Русия нархи парвозҳо аз ҷумла ба Тоҷикистон башиддат боло рафт.

Дар видеое, ки яке аз хонандагони Ахбор шоми 19 март аз фурудгоҳи Внуково фиристод, дида мешавад, ки чӣ гуна мусофирони тоҷик ҳайрону бечора дар толори фурудгоҳ истодаанд ва аз баландгӯ садои эълони лағви парвоз ба Душанбе ба гӯш мерасад. Ҳамин тавр, як гуруҳи мусофирон дар ин видео дар ҳоле сабт шудаанд, ки намояндаи ширкати ЮтЭйрро иҳота кардаанд ва ин намоянда қотеона ба онҳо изҳор медорад, ки ширкат пули чиптаи онҳоро барнамегардонад, чунки вазъият вазъияти форс-мажор дониста шудааст. Ӯ ба мусофирон машварат медиҳад, ки ҳар даъвое ки доранд, ба мақомоти кишвари худ муроҷиат кунанд, на ба ЮтЭйр, чунки қарори дар охирин лаҳза бастани фурудгоҳҳои Тоҷикистонро мақомоти тоҷик гирифтанд.

Ёдовар мешавемАгентии авиатсияи граждании Тоҷикистон шоми 19 март бо ирсоли як барқияи фаврӣ ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии дохиливу хориҷӣ дастур додки «бо мақсади пешгирии эҳтимолияти паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки иҷроиши парвозҳое, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешуд, аз 20 марти соли 2020 муваққатан манъ карда шавад.» Дар барқия гуфта нашудааст, ки фурудгоҳҳои Тоҷикистон то кай баста мешаванд?

Дар барқияи фаврие, ки бо имзои раҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба ширкатҳои ҳавопаймоии дохиливу хориҷӣ ирсол шудааст ва як нусхааш ба дасти идораи сомонаи «Ахбор» низ расид, чунин омадааст:

БАРҚИЯИ ФАВРӢ

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд миннатдории хешро баён намуда, ҳамзамон маълум менамояд, ки гирифторӣ ба коронавирус дар кишварҳои хориҷии дуру наздик рӯ ба афзоиш намуда истодааст.

Вобаста ба ин, бо мақсади пешгирии эҳтимолияти паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки иҷроиши парвозҳое, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешуд, аз 20 марти соли 2020 муваққатан манъ карда шавад.

Директор Субҳонзода Икром.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик низ дар саҳифааш дар Фейсбук чанд видеои дигар аз фурудгоҳи Внуковоро нашр карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба мушкили мусофирони тоҷик расидагӣ кунанд.

Izzat Amon

Ранг бину ҳол пурс
80 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз 25 то 30 ҳазор рубли чипта харидаанд аз ҳавопаймо фаровардаанд.
Ин аст муносибати шарики стратегии мо нисбати шаҳрвандонамон.
Аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш мешавад ба мушкилоти муҳоҷирон расидагӣ намоянд

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон