расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Меҳмонхонаи маъруф дар Париж ҷойи зисти бесарпаноҳон шуд. ВИДЕО

. / Ҷомеа

Меҳмонхонаи маъруф дар Париж ҷойи зисти бесарпаноҳон шуд. ВИДЕО

Як меҳмонхона дар маркази Парижи Фаронса, ки ба далели набуди сайёҳон, рӯзҳои сахтро пушти сар мекард, ба макони зисти афроди бехона ва оворагард табдил ёфтааст. 
Аз меҳмонхонаи "Avenir Montmartre" дар Париж манзараи манораи Эйфел ва калисои Сакре-Кёр хуб намоён аст. Маҳз ин вижагӣ сайёҳони зиёдеро ба меҳмонхонаи мазкур ҷалб мекард.
Имсол дар пайи хуруҷи коронавирус ҳуҷраҳои он холӣ монд. Акнун, меҳмонхона дари худро ба рӯйи афроди бесарпаноҳ боз кардааст.
Раҳбарияти меҳмонхона ҳуҷраҳои холиро барои як сол ба созмони хайриявии "Emmaus Solidarite" тақдим кард. Ин созмон ҳам дар ҳуҷраҳо онҳоеро ҷой мекунад, ки бе ҷойи зист мондаанд.
Агар ин иқдом ва ин ҳуҷраҳои меҳмонхона намебуд, эҳтимол дошт Иброҳим, паноҳанда аз Малӣ, дар ошхонаи як тарабхона ва ё умуман дар кӯча шабро рӯз мекард.
"Ман ҳар рӯзе, ки дар ин ҷо мехобам, дар бораи зиндагии худ фикр мекунам. Медонед, пештар пайдо кардани ҷой барои шабгузаронӣ хеле мушкил буд. Вале ҳоло ман ин ҷо ҳастам. Вақте аввалин бор вориди ин ҳуҷра шудам, ба худ гуфтам, "Олӣ аст! Рӯзе зиндагии ман тағйир меёбад. Ман соҳиби хонаи шахсӣ, ҷойи кор ва мисли дигарон, соҳиби зиндагии хуб мешавам",--мегӯяд, Иброҳим, паноҳанда аз Малӣ.
Маблағи ҳуҷраҳоеро, ки ба афроди бехона пешниҳод шудааст, созмони хайриявӣ аз ҳисоби кӯмакпулии давлат пардохт мекунад. Ба меҳмонон дар ин ҷо 3 вақт хӯрок пешниҳод мешавад ва ҳар ҳуҷра бо телевизору шароитҳои дигар таъмин аст.
Бруно Морел, роҳбари кули созмони "EMMAUS SOLIDARITE" дар ин бора гуфт: "Ин ҷо ҳоло одамоне зиндагӣ доранд, ки қаблан дар кӯча мезистанд. Онҳое ҳастанд, ки робитаҳои иҷтимоии худро кандаанд, аз хонаводаҳои худ ҷудо шудаанд ва ё онҳое, ки таҷрибаи талхи муҳоҷиратро аз сар гузаронидаанд. Мо тамоми имкониятҳоро истифода мебарем, то онҳоро нигоҳубин кунем, шароиташонро бифаҳмем ва кӯшиш кунем, ки зудтар ба имтиёзҳо дастрасӣ пайдо кунанд".
Моҳи январи соли гузашта шаҳрдории Париж дар хиёбонҳои ин шаҳр 3600 афроди бесарпаноҳу оворагардро ошкор кард. Ба гуфтаи хайрхоҳон, кӯмаку дастгирии онҳо сабаб мешавад то ин гуруҳи одамон барои худ ҷойи кор ва макони зисту ҳаққи иқомат дар Фаронсаро пайдо кунанд ва аз вартаи камбизоатӣ берун оянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.