Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов аз ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки муҳоҷирони тоҷикистонӣ барои фурсат наёфтанашон ҷиҳати саривақт тарк кардани қаламрави Русия ҷазо дода нашаванд.

Дар суҳбат бо нашрияи КоммерсантЪ ӯ эътироф кардааст, ки дар робита ба вазъи ҳозираи қатъ ё маҳдудияти равуои қатора ва парвози ҳавопаймоҳо, “аз қаламрави Русия берун баровардани ҳамаи коргарон ва донишҷӯёни тоҷик ғайриимкон аст”.

“Ба назарам, дар ин вазъ талаб кардани он, ки ҳама қаламрави Русияро тарк кунанд, мувофиқи мақсад набуда, ғайриимкон аст, - иброз доштааст ӯ ба нашрия. - Аз ин рӯ, ба онҳо (шаҳрвандони Тоҷикистон - «Ъ») имкони ҳуқуқӣ додан лозим аст, ки қонунро вайрон накарда, дар ҷойе, ки қувваи корӣ зарур аст, қонунӣ фаъолият кунанд”.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин зикр кардааст, ки то вақте муҳоҷирони кории нав ба Русия намеоянд, кори онҳоро муҳоҷирони дар ин кишвар ҳузурдошта иҷро карда метавонанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ пешниҳод кардааст, ки шароити будубош дар Русия сабуктар карда шавад.

“Агар мо нияти кумак ба корхона ва ширкатҳоро дар ин вазъ дошта бошем, дар бораи патентҳои корӣ, ки муҳоҷирон айни замон имкони пардохти маблағи онро надоранд, бояд фикр кунем. Шояд муваққатан пардохти маблағи патент боздошта шавад, то ки онҳо рӯзгори худ ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои Русияро таъмин карда тавонанд”, - гуфтааст Сатторов.

Қобили зикр аст, ки Русия аз 18-уми март вуруди хориҷиёнро ба қаламраваш манъ карда, дар ин робита ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвози тайёраҳоро қатъ ё шуморашонро кам карданд. Мақоми муҳоҷироне, ки дар Русия боқӣ мемонанд, то ҳол мушаххас нест.