расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Парвозҳои чартерии боз як ширкат аз Русия ба Тоҷикистон

. / Ҷомеа

Парвозҳои чартерии боз як ширкат аз Русия ба Тоҷикистон

Аз 1 сентябр ҳамарӯза ҳадди ақал ду бор аз Маскав ва дар ду рӯз як маротиба аз Санкт-Петербург парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Ҳавопаймои ширкати «Red Wings Airlines»
Сурат: аз торнамои zhzhitel.livejournal.com
Ширкати ҳавопаймоии«Red Wings Airlines»-и Русия барои анҷоми парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон иҷозатнома гирифт. Ширкат аз 30 август ба иҷрои парвозҳо бо ин хатсайр оғоз мекунад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, шумори хатсайрҳои чартерӣ аз минтақаҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон аз 1 сентябр зиёд мешавад.
“Шумори ширкатҳои ҳавопаймоие, ки ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, зиёд шуд. Ҳозир ду ширкати ватании “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр”, ҳамчунин ду ширкати русиягии «Уральские авиалинии» ва «Red Wings Airlines» парвозҳоро иҷро мекунад”, - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин ӯ изҳор дошт, ки аз 1 сентябр ҳамарӯза ҳадди ақал ду бор аз Маскав ва дар ду рӯз як маротиба аз Санкт-Петербург парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, баъди аз ҷониби ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” ба иҷро расидани ҳамаи парвозҳои пешбинишуда (27 ва 30 август), ҳавопаймо бояд аз таъмири асосӣ гузарад.
“Баъзе қисму ҷузъҳои ҳавопаймо куҳна шуда, ширкат ният дорад, ки онро ба таъмири асосӣ диҳад. Ба ҷойи “Тоҷик Эйр” парвозҳоро ширкати русиягии «Red Wings Airlines» иҷро мекунад”, - илова кард манбаъ.
Дар хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар бораи таъмир чизе намедонанд ва ин масъаларо раҳбарияти ширкат ҳал мекунад.
Ёдрас мекунем, ки ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон шаҳрвандон бояд бо худ маълумотнома дар бораи надоштани сироят аз коронавирус дошта бошанд, ки ташхисаш на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) то омадан гирифта шуда бошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола пешниҳоди маълумотнома зарурат надорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.