"200 сомонӣ сӯхтам" Навбати муҳоҷирон барои бозпас гирифтани пули билет. ВИДЕО

Навбати мусофирон барои гирифтани билет дар назди истгоҳи роҳи оҳан. Шаҳри Душанбе, 17-уми март

Навбати мусофирон барои гирифтани билет дар назди истгоҳи роҳи оҳан. Шаҳри Душанбе, 17-уми март

Манъи ҳаракати қаторҳои мусофирбар аз Тоҷикистон ба Русия рӯзи 17-уми март даҳҳо муҳоҷири тоҷикро, ки нияти сафар ба ин кишварро доштанд, дар назди Идораи роҳи оҳани Душанбе ҷамъ овард. Мусофирон барои бозпас гирифтани пули билетҳои харидаашон навбат мепоиданд.

Ҳаракати қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон рӯзи 17-уми март ба хориҷа, аз ҷумла ба Русия қатъ шуд ва эҳтимол ин ҳолат то охири моҳи апрел идома кунад.

Масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтанд, ин як амри муваққатӣ аст ва барои пешгирӣ аз хатари коронавирус гирифта шудааст. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, пули билетҳои харидаи мардумро ба навбат бармегардонанд.

Аммо бархе аз мусофирон, ки аз чанд рӯзу ҳафтаи пеш билети қатор ба самти Русияро харида буданд, шикоят доранд, ки ба онҳо маблағи пурраи сарфкардаашонро барнамегардонанд.

Амиршо Алиев, як сокини Душанбе, рӯзи 17-уми март гуфт, ӯ чанд рӯз пеш ба 1150 сомонӣ билет харида буд, аммо дар пайи қатъи ҳаракати қатор на ҳамаи ин пулро ба ӯ баргардониданд. "Ба 200 сомонӣ сӯхтем. Дигар чӣ кор мекунем, ба хона меравем", - гуфт ӯ.

Яке дигар аз мусофироне, ки барои гирифтани пули билеташ омада буд, низ гуфт, "пули хӯрок дар қатор ва ҷойи хобро, ки дар маҷмӯъ 270 сомонӣ аст, надода истодаанд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Бархе аз мусофирони ҷамъомада мегӯянд, аз шоми 16-уми март барои гирифтани иттилои дақиқ ва бозпас гирифтани пули билетҳои худ дар навбатанд ва наметавонанд, маблағашонро бигиранд. "Аз соати 8-и бегоҳ омадем, одам зиёд аст. Дар хазина як нафар кор мекунад ва ӯ наметавонад ба ҳама бирасад", - гуфт ҷавоне, ки мехост пули чиптаашро зудтар бигирад.

Муҳоҷирон ба хотири нисбатан арзон дастрас кардани билет маъмулан аз 30 то 40 рӯзи пеш чипта мехаранд.

Масъулини идораи Роҳи оҳан рӯзи 17-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ҳама мусофирон маблағи билетҳоро ба навбат бармегардонанд ва “ҷойе барои нигаронӣ нест”.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, якбора баргардонидани маблағи тамоми билетҳо ба ҳудудан 8 ҳазор нафар кори осон нест. Анвар Латифзода, сардори котиботи корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт: “Мардум то 28-уми апрел чипта харида буданд. Мо тасмим гирифтем, ки бо навбат ва бо наздик шудани санаи сафар ба муштариён пули билети онҳоро баргардонем. Шояд баъди як ҳафта ё ду ҳафта мумкин ҳаракати қаторҳо барқарор мешавад.”

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Русия вуруди хориҷиҳоро ба қаламраваш то 1 май маҳдуд кард

Қатъи якбораи ҳаракати қатор ба самти Русия махсусан дар мавсими аслии муҳоҷират, бархе аз муҳоҷиронро, ки хавфи аз даст додани ҷойи корро доранд, нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, беҳтар буд аз чанд рӯз пеш огоҳ мешуданд.

Диловар ҳам яке аз онҳост: “Агар ҳамин ҳоло мерафтам, хуб буд. Ба ҷойи кор даъват доранд. Агар дер кунем, ба ҷойи мо каси дигарро мегиранд."

Аммо гурӯҳи дигар мегӯянд, аз як сӯ бо таваҷҷӯҳ ба хабарҳое, ки аз расонаҳо мебинанд, беҳтар аст як муддат аз сафар худдорӣ кунанд. “Инҷо айби касе нест, ин эпидемия аст ва бояд вазъиятро ҳама дарк кунад. Мо ҳам мехостем сафар кунем, аммо мондем. Зарар мебинем, аммо рафтан ҳам лозим нест дар ин шароит”, - мегӯяд Давлат ном муҳоҷире, ки барои бозпас гирифтани пули билети қатор омада буд.

То имрӯз аз Тоҷикистон дар як ҳафта 4 қатор ба самти Русия ҳаракат мекард. Ду қатор аз Душанбе ва дуи дигар аз Кӯлобу Хуҷанд.

Ҳоло ҳаракати қаторҳои мусофирбар ба хориҷ аз кишвар манъ шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам рӯзи 17-уми март бо нашри як хабар ба шаҳрвандон тавсия дод, ки бинобар маҳдудиятҳои вуруд ба Русия ба хотири коронавирус, аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.

Сафар ба воситаи қатор яке аз роҳҳои камхарҷ барои муҳоҷирон аст. Мақомот ҳам мегӯянд, солҳои ахир мардуми зиёде ба ин навъи нақлиёт рӯ оварда буд.

Бархе аз таҳлилгарон ба ин андешаанд, ки ду ҳафта ё як моҳ барои маҳви вируси корона кофӣ нест ва имкони баста мондани сарҳадҳо ба муҳлати бештар вуҷуд дорад. Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳатто дар сурати баста нашудани марз бо Русия низ сафари муҳоҷирони корӣ ба ин кишвар салоҳ нест:

"Дар замони карантинҳо ва бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, ки нав шуруъ шудааст, метавонад ба ин оварда расонад, ки муҳоҷирон танҳо ба пули билету патенти корӣ дар Русия бисӯзанд. Беҳтар аст, то ором шудани вазъ ин пулҳоро назди худ дар кишвар нигоҳ доранд. Албатта, ин умед ҳам ҳаст, ки ба зудӣ ваксинаи зидди коронавирусро пайдо мекунанд ва ҷаҳон аз шарри он халос мешавад. Вале салоҳ ин аст, ки бадтарин сенария ба назар гирифта шуда, ба он омодагӣ дида шавад."

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, дар ҳар сурат, мақомот бояд барои таъмини рӯзгори ним миллион муҳоҷири тоҷик, омода бошанд.

Акс аз бойгонӣ
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Қатъи парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия. Ду "интихоб"-и мусофирони тоҷик. САДО

Муҳоҷират ба Русия як манбаи асосии пешбурди рӯзгори аксар оилаҳои тоҷик аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта тақрибан ним миллион аҳолии кишвар ба хориҷа, аз ҷумла Русия рафтанд ва соли гузашта аз онҷо ба кишвар тақрибан 2,6 миллиард доллар фиристодаанд.

Маҳдудиятҳо барои сафар ба Русия дар ҳолест, ки шумори олудашудаҳо коронавирус дар ин кишвар ба беш аз 100 нафар расидааст ва аксари онҳо дар Маскав ба қайд гирифта шудаанд.

Аммо маҳдудиятҳо ба таъкиди мақомот “ба ронандагони автомобилҳои борбар, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки бо роҳи транзитӣ аз гузаргоҳҳои фурудгоҳҳо мегузаранд ва ба Русия ба муносибати вафоти хеши наздик меоянд,” рабт надорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон