Авҷи коронавирус дар кишварҳои ИДМ: шумори мубталоёни ин вирус ба 263 нафар расид

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз авҷи паҳншавии коронавирус дар кишварҳои ИДМ хабар дода таъкид доштааст, ки шумори мубталоён ба ин вирус ба  Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар истинод ба омори ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар додааст, ки ба ҳолати субҳи 17 марти соли равон шумораи гирифторони  коронавирус дар Россия ба 93 нафар, дар Арманистон ба 52, дар Беларус ба 36, дар Молдова ба 29, дар Қазоқистон ба 13 ва дар Ӯзбекистон ба 8 нафар расид.

Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, дар Озарбойҷон ва Украина шумораи сироятёфтагон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 25 ва 7 нафарро ташкил медиҳад. 

Манбаъ ёдрас шудааст, ки чанд рӯз пеш шумораи гирифторони коронавирус дар Россия 63 нафар, дар Арманистон — 30, дар Беларус — 27, дар Молдова — 23, дар Қазоқистон — 9 ва дар Ӯзбекистон — 6 нафар буд.

“То имрӯз, дар Россия 8 нафар, дар Озарбойҷон – 6 ва дар Арманистону Молдова 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб шуданд. Дар Озарбойҷон ва Украина як ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Инчунин манбаъ аз вазъи паҳншавии коронавирус дар Афғонистони хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 21 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.

 

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои манбаъ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

“Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,8 ҳазор), Италия (беш аз 27,9  ҳазор), Эрон (беш аз 14,9 ҳазор), Испания (беш аз 9,9 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,3 ҳазор), Германия (беш аз 7,2 ҳазор), Франсия (беш аз 6,6 ҳазор), ИМА (беш аз 4,7 ҳазор), Швейтсария (беш аз 2,3 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 1,5 ҳазор) дохил мешаванд”, таъкид шудааст дар гузориши ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 182 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 7,1 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 79,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,1 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон