Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 10 ва дар Қазоқистон ба 27 нафар расид

 Имрӯз бо ба қайд гирифтани 2 ҳолати дигари сироятёбӣ аз коронавирус дар Ӯзбекистон, 14 ҳолат дар Қазоқистон ва 3 ҳолат дар Озарбойҷон шумораи гирифторони беморӣ дар ин давлатҳо мутаносибан ба 10, 27 ва 28 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Қаблан шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон 8 нафар, дар Қазоқистон — 13 ва дар Озарбойҷон 25 нафар буд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати субҳи 17 март дар Россия 93 ҳолати сиротяёбӣ аз коронавирус, дар Арманистон — 52, дар Беларус — 36, дар Молдова — 29 ва дар Украина 7 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ имрӯз як ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии онҳо дар ин кишвар ба 22 нафар расид.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 182 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 7,1 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 79,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,1 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон