ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ПУЛИ 97 ҶАРИМАРО СУПУРД, ТО АЗ ТӮЙИ ХУДАШ ДЕР НАКУНАД

 
13/03/2020

Як ҷавони тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро ҳам ба даст оварда, дар фикри тӯйи арӯсиаш дар Тоҷикистон буд, қариб ба тӯйи худаш дер кунад. Ӯ алакай фикри парвоз ба Тоҷикистонро дошт, вале приставҳои ноҳияи Мокшани вилояти Пенза, ки ин ҷавон ҳамонҷо сабти ном шуда буд, ба домоди оянда фаҳмонданд, ки то ҷаримаҳояшро насупорад, ба вай иҷозат и тарки қаламрави Русия намедиҳанд. Маълум шуд, ки дар дасти приставҳо 97 қоғази ҷарима ба номи ин ҷавон аз ҷониби пулиси роҳ (ГИБДД)-и шаҳру вилояти Маскав ҷамъ шудааст. Домоди бечора маҷбур шуд, ки ин ҳама ҷарима ба маблағи 61 ҳазор рублро пардохт кунад, то ба тӯяш дер накунад. «Азми издивоҷ ба рӯёндани қарз кумак кард», - хулоса кардааст хабарашро хадамоти матбуоти УФССП вилояти Пенза.

 

Собственная свадьба помогла погасить долг

Хадамоти матбуоти УФССП – раёсати Хадамоти федеролии приставҳои додгоҳии вилояти Пенза менависад, ки дар ноҳияи Мокшан дар дасти приставҳо 97 қоғази ҷарима ба номи як шаҳрванди Русия, ки зодаи Тоҷикистон аст, ҷамъ шуда буд.

Ин ҷавони тоҷик дар ноҳияи Мокшан сабти ном дошт, вале дар асл инҷо зиндагӣ намекард. Тамоми қоғазҳои ҷарима ба номи вай аз ҷониби пулиси роҳ (ГИБДД)-и шаҳру вилояти Маскав будааст. Зоҳиран ҷавони тоҷик дар пойтахти Русия таксиронӣ мекард, ки ба номаш 97 ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷамъ шудааст.

Дар ҳар сурат, приставҳо-иҷрочиён рақамҳои телефони ҷавони қарздор ва хешовандони вайро пайдо карда, ба вай фаҳмонданд, ки агар пули ҷаримаҳояшро насупорад, вайро таҳти ҷустуҷӯ қарор медиҳанд ва он гоҳ аз марзи Русия берун рафта наметавонад.

Тавре маълум шуд, ин ҳушдор замоне ба самъи ҷавони тоҷик расид, ки ӯ мебоист барои тӯйи арӯсиаш ба Тоҷикистон мерафт. Ҷавон зуд ба хадамоти приставҳои ҳозир шуда, 61 ҳазор ҷаримаи ба номаш ҷамъшударо супурд, то ки ӯро аз рафтан ба тӯйи худаш манъ накунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон