расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Раиси Исфара гуфтааст, ки минбаъд дар ҳама иншоот роҳравҳои маъюбонро месозанд

. / Ҷомеа

Раиси Исфара гуфтааст, ки минбаъд дар ҳама иншоот роҳравҳои маъюбонро месозанд

Баҳоваддин Баҳодурзода ба масъулини шаҳрсозӣ дастур дод дар даромадгоҳи ҳамаи иншоотҳои лоиҳавӣ роҳрави аробачаи маъюбӣ созанд.

Сурат: Дафтари матбуоти раиси Исфара
Раиси шаҳри Исфара ба сармеъмор ва мудири шӯъбаи шаҳрсозии шаҳр дастур додааст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ аввал роҳрав барои шахсони имконияташон маҳдудро дар назар бигиранд. Баҳоваддин Баҳодурзода дастур додааст, ки даромадгоҳи биноҳои маъмурӣ ва марказҳои савдою хизматрасониҳо бояд ба ҳаракати озоди аробачаҳои маъюбӣ мутобиқ кунонида шавад.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси нави Исфара зимни боздиду шиносоӣ аз иншоотҳои кӯчаи асосии шаҳр ба сармеъмору мудири шӯъбаи шаҳрсозӣ дастур додааст зимни таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ роҳравҳои махсус (пандус)-ро ҳатман ба инобат гиранд. Ӯ шахсони масъулро вазифадор кардааст, ки зимни омодасозии лоиҳаҳои иншоотҳои маъмурию хизматрасонӣ сохтмони роҳравҳои махсус барои ҳаракати озодонаи аробачаи маъюбиро ба эътибор гиранд.
“Дар даромадгоҳҳои биноҳои маъмурӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ барои ҳаракати озодонаи аробачаҳои маъюбӣ роҳравҳои махсус бояд сохт.”-таъкид кардаааст раиси Исфара
Бино ба навиштаи Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дастур додааст ба лоиҳаи биноҳои нав сохташудаистода низ тағйирот ворид намуда, дар даромадгоҳҳои иншоотҳо барои ҳаракати бемамониати маъюбон ба биноҳо пандус сохта, шароити созгор фароҳам оваранд.
Манбаъ навиштааст айни замон дар даромадгоҳи Маркази адлия ва ҳамагӣ 1-2 бинои навбунёд ингуна роҳравҳо мавҷуданду халос.
Айни замон бино ба маълумоти оморӣ дар шаҳри Исфара беш аз 3800 нафар шахсони имконияташон маҳдуд дар қайд буда 381 нафари онҳо маъюбони гуруҳи якум мебошанд. Гуфта мешавад ҳамасола наздики 50 нафар шахсони маълул тариқи маблағгузорӣ аз буҷҷа, маблағҳои соҳибкорону хайрхоҳон соҳиби аробачаи маъюбӣ мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.