расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЖИРИНОВСКИЙИ ТОҶИК (ВИДЕО)

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

ЖИРИНОВСКИЙИ ТОҶИК (ВИДЕО)

Як суханронии мудири шӯъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Саидов Муҳаммад дар ТВ Суғд вокунишҳои зиёдеро дар Интернет ба бор овард. Муҳаммад Саидов суханрониашро, тавре ҳоло дар тақрибан тамоми маҳфилҳои расмӣ дар Тоҷикистон роиҷ шудааст, бо ҳамла ба ҲНИТ шурӯъ карда, дар идомаи суханонаш ба мероси Шӯравӣ мепардозад ва иддао мекунад, ки тоҷикҳо дар замони Шӯравӣ ҳамчун ғулом дар ивази 4 шиша равғану як халта орди ҷав машаққат мекашид.
Муҳаммад Саидов иддао мекунад, ки мардуми тоҷик аз Шӯравӣ ҳеҷ меросе набурд, ба ҷуз аз заминҳое, ки дар он аҳд ҳамаашро камҳосил карданд. Ба ақидаи вай, мардуми тоҷик баъди ҷудо шудан аз Шӯравӣ дар замони истиқлол ҳама чиро аз сифр сохт ва агарчӣ насли кунунӣ азоб кашид, вале наслҳои баъдиаш хушу осуда зиндагӣ хоҳанд кард.
Журналисти тоҷик Мӯсо Бобоҳоҷиев Муҳаммад Саидовро “Жириновскийи тоҷик” номидааст.
Бисёриҳо навиштаанд, ки чандон ошиқи СССР нестанд, вале Муҳаммад Саидов дар рад кардани мероси даврони Шӯравӣ хеле аз худ гузарондааст. Ҷомеашинос Меҳмоншо Шарифзода ин суханрониро намунаи “махлуқҳои иделогӣ”-е номидааст, ки ба ҷои махлуқҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба сари минбар расидаанд.
Мусо Бобоходжиев
Жириновскии тоҷик)))
Ин бобо чанд сола бошад? Тарзе гап мезанад, ки гӯё 70 – соли замони Шӯравиро паси сар карда бошад.
Ман тарафдори замони шӯравӣ нестам, аммо суханронии ин “коршиноси ҳирфаӣ” маро ба ҳайрат овард.
Мешудаст- ку! Мо метавонем))))
Jafar Jalol
“Он мне напоминает Гитлера”
Ба ин кӯдаки ширмаки ҷинзада минбар додаанд,ва чигуна ҷуръат намуда ҷоннисориву заҳматҳои шабонарӯзии устодон,падарону модарон, хоҳарону бародарон,қаҳрамониҳои бобоёну бузургони ману Шуморо
дар давоми 80 соли даврони шӯравӣ нодида гирифт,ва бо нафрати беандоза санги маломат зад бар рӯяшон, яъне рӯҳи онҳоро дар гӯр нороҳат сохт.
Магар ин аст натиҷаи он ҳама оҳангҳои бо хуни дил эҷод намудаи мо,саршор аз худшиносӣ,мейҳанпарастӣ ва патриотизм?!
Посух надодан дар баробари суханони ин насли манқурти ифтихорбохта нобахшиданист!
Mehmonsho Sharifov
)( … сустаносир ё боз ҳам такрори қиссаи голем
… Акнун ин намуд одамакро бубинед, на дониш, на ахлоқ ва на шарм. Инҳо дигар махлуқи иҷтимоӣ нестанд балки махлуқҳои иделужианд ва бо номи авангард дар сояи шиорҳо, парчамҳо ва расмҳои ‘ягонаи давр’ бузург шудаанд.
Пештарҳо, роҳбарони ин одамакҳо дониш ҳам, ки надоштанд то куҷое аз руи минбар бо чунин “санъати баланд” ҳарф задан шарм доштанд. Ончиро, ки ин роҳбарон ин гуруҳ дар зершуур пинҳон доранд ба воситаи ҳамин одамакҳо ба халқ расонидани мешаванд… Яъне чун ноқил хидмат мекунанд …
Ин махлуқҳо акнун метавонанд ҳарф задан зеро муҳити будани онҳо дорад руз ба руз васеътар мешавад ва гушҳо барои шунидани ҳарфҳи онҳо зиёдтар шудаанд …
Як суханронии мудири шӯъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Саидов Муҳаммад дар ТВ Суғд вокунишҳои зиёдеро дар Интернет ба бор овард. Муҳаммад Саидов суханрониашро, тавре ҳоло дар тақрибан тамоми маҳфилҳои расмӣ дар Тоҷикистон роиҷ шудааст, бо ҳамла ба ҲНИТ шурӯъ карда, дар идомаи суханонаш ба мероси Шӯравӣ мепардозад ва иддао мекунад, ки тоҷикҳо дар замони Шӯравӣ ҳамчун ғулом дар ивази 4 шиша равғану як халта орди ҷав машаққат мекашид.
Муҳаммад Саидов иддао мекунад, ки мардуми тоҷик аз Шӯравӣ ҳеҷ меросе набурд, ба ҷуз аз заминҳое, ки дар он аҳд ҳамаашро камҳосил карданд.
Журналисти тоҷик Мӯсо Бобоҳоҷиев Муҳаммад Саидовро “Жириновскийи тоҷик” номидааст.
Мусо Бобоходжиев
Жириновскии тоҷик)))
Ин бобо чанд сола бошад? Тарзе гап мезанад, ки гӯё 70 – соли замони Шӯравиро паси сар карда бошад.
Ман тарафдори замони шӯравӣ нестам, аммо суханронии ин “коршиноси ҳирфаӣ” маро ба ҳайрат овард.
Мешудаст- ку! Мо метавонем))))
Jafar Jalol
“Он мне напоминает Гитлера”
Ба ин кӯдаки ширмаки ҷинзада минбар додаанд,ва чигуна ҷуръат намуда ҷоннисориву заҳматҳои шабонарӯзии устодон,падарону модарон, хоҳарону бародарон,қаҳрамониҳои бобоёну бузургони ману Шуморо
дар давоми 80 соли даврони шӯравӣ нодида гирифт,ва бо нафрати беандоза санги маломат зад бар рӯяшон, яъне рӯҳи онҳоро дар гӯр нороҳат сохт.
Магар ин аст натиҷаи он ҳама оҳангҳои бо хуни дил эҷод намудаи мо,саршор аз худшиносӣ,мейҳанпарастӣ ва патриотизм?!
Посух надодан дар баробари суханони ин насли манқурти ифтихорбохта нобахшиданист!
Mehmonsho Sharifov
)( … сустаносир ё боз ҳам такрори қиссаи голем
… Акнун ин намуд одамакро бубинед, на дониш, на ахлоқ ва на шарм. Инҳо дигар махлуқи иҷтимоӣ нестанд балки махлуқҳои иделужианд ва бо номи авангард дар сояи шиорҳо, парчамҳо ва расмҳои ‘ягонаи давр’ бузург шудаанд.
Пештарҳо, роҳбарони ин одамакҳо дониш ҳам, ки надоштанд то куҷое аз руи минбар бо чунин “санъати баланд” ҳарф задан шарм доштанд. Ончиро, ки ин роҳбарон ин гуруҳ дар зершуур пинҳон доранд ба воситаи ҳамин одамакҳо ба халқ расонидани мешаванд… Яъне чун ноқил хидмат мекунанд …
Ин махлуқҳо акнун метавонанд ҳарф задан зеро муҳити будани онҳо дорад руз ба руз васеътар мешавад ва гушҳо барои шунидани ҳарфҳи онҳо зиёдтар шудаанд …

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.