Дар Ишқобод ба иллати коронавирус тӯю маъракаҳоро манъ мекунанд

Як зан бо ниқоби тиббӣ, Ишқобод, феврали 2020.
Як зан бо ниқоби тиббӣ, Ишқобод, феврали 2020.

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ба иллати коронавирус баргузории тӯю маъракаҳоро манъ карда, иншооти фароғатиро мебанданд ва сокинонро аз сафар ба Аврупову Туркия бармегардонанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар муассисаҳои давлатӣ ва мактабҳои Ишқобод ҳарорати бадани кормандону донишомӯзон санҷида мешавад. Гумонбарони гирифторӣ ба коронавирусро фавран ба Маркази бемориҳои сироятии Чоганлӣ мефиристанд.

Шумори дақиқи онҳое, ки дар марказ бистарӣ ҳастанд, гуфта намешавад. "Рақамҳо номуайян ҳастанд. Баъзеҳо мегӯянд, 56 нафар бистарӣ шудаанд. Вале маълум нест, ки онҳо аллакай ба вирус мубтало шудаанд, ё не",-гуфт як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ҳукумати Туркманистон 25-уми феврал дар нахустин изҳороти худ дар бораи коронавирус гуфт, дар ин кишвар ҳоло касе ба он мубтало нашудааст.

Хабарнигори радио 4-уми март иттилоъ дод, ки дар фурудгоҳи Ишқобод мусофиронро аз парвоз ба кишварҳои Аврупо ва Туркия дастаҷамъона мегардонанд.

Ҳамчунин дар пойтахти Туркманистон баргузории тӯю чорабиниҳои дастаҷамъиро манъ карда, иншооти фароғатӣ ва варзиширо мебанданд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон