Коронавирус: шумораи қурбониён ва сироятёфтанон меафзояд

Коронавирус: шумораи қурбониён ва сироятёфтанон меафзояд

 Рузи гузашта 125 нафари дигар мубталои коронавирус шуд. Дар давоми рӯз аз ин бемори 31 одам ба ҳалокат расид. Аз моҳи декабри соли гузашта адади гирифторон ба 80 174 нафар ва халокшудагон ба 2943 нафар расид.

Аз замони паҳн шудани коронавирус берун аз Чин, дар 64 кишвари дигар 8774 нафар сироят ёфта, 128 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Пас аз Чин кишвархои нигаронкунанда Кореяи Ҷанубӣ (4335), Италия (2036) ва Эрон (1501) мебошанд.

Ба иттилои расонаҳо баъди Чин коронавирус аз ҳама бештар дар Эрон қурбонӣ дорад. То рӯзи душанбе 54 нафар дар Эрон ҷон бохта, ҳудуди 1000 тани дигар мубтало шудаанд.

Бархе аз кишварҳо ҳам рӯзҳои ахир аз гирифтории шаҳрвандонашон ба ин вирус хабар доданд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Чех эълом кард, ки се нафар ба вируси корона дар ин кишвар гирифтор шудаанд.

Амрико рӯзи шанбе аз аввалин мавриди марг дар ин кишвар бар асари гирифторӣ ба коронавирус хабар дод. Рӯзи якшанбе масъулони шаҳри Ню-Йорк иттилоъ доданд, ки як зан ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин зан ахиран ба Эрон сафар карда буд.

Дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 90,370 нафар бемор гаштаанд, ки аз онҳо 80 174 нафар дар Хитой мебошанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон