НИГИНА АМОНҚУЛОВА АЗ ОВОЗХОНӢ ДАСТ КАШИД:

НИГИНА АМОНҚУЛОВА АЗ ОВОЗХОНӢ ДАСТ КАШИД:

 Овозхони шинохта ва маъруфи кишвар Нигина Амонқулова, ки қаблан танҳо ба овозхонӣ машғул буд, имрӯз дар самтҳои дигари пешаи интихобнамудааш худро санҷидан мехоҳад. 

Аз расмҳое, ки давоми чанд ҳафтаи охир овозхон дар шабакаҳои иҷтимоии худ нашр мекунад, ба осонӣ қарор баровардан мумкин аст, ки ӯ модел шудаву ҷавоҳиротҳои Хонаи ҷавоҳироти «Ақиқа»-ро таблиғ мекунад. Ҳатто овозаҳое низ паҳн шуданд, ки Нигина Амонқулова аз овозхонӣ даст кашида, пурра ба фаъолияти моделӣ мепардозад, вале аз хонаводаи овозхон ин овозаҳоро рад карданд. «Нигина модел нашудааст ва шуданӣ ҳам нест. Он ҳама ҷавоҳиротҳое, ки ӯ реклама кард, тарҳи худаш аст, ки ба «Ақиқа» пешниҳод карда будем. Баъди омода шудани ҷавоҳиротҳо каси дигар нею худи Нигина онҳоро реклама кард. Ӯ ҳамоно банди эҷод аст ва барои сабти клипу таронаҳои нав омодагӣ мебинад». 

Ин бори аввал аст, ки мухлисон овозхони дӯстдоштаи худро дар роликҳои таблиғотӣ мебинанд, зеро дар гузашта бону Нигина танҳо ба эҷоди сурудҳои нав ба нав банд буд. Ҳоло, ки шӯҳраташ бештар ва маҳбубияташ афзунтар гаштааст, метавонад бо таблиғи ин ё он молу маҳсулот ба буҷаи худ фоидаи бештар ворид созад. Фаромӯш намекунем, ки овозхон хатмкардаи Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент мебошад. Илова бар ин, ӯ хуб дӯхта натавонад ҳам, тарҳи бештари пироҳанҳои саҳнавиашро худаш кашида, ба тарроҳи шахсиаш пешниҳод мекунад. Бар замми ин, ба тарбияи дурусти фарзандони худ Аъзамҷон ва Довудҷон низ машғул аст. Ёдовар мешавем, ки санаҳои 11-12-уми марти соли ҷорӣ бо сафари корӣ ба кишвари Исроил сафар карда, дар шаҳрҳои Ҳолон ва Рамле барномаи консертӣ баргузор мекунад. подробнее тдж: https://oila.tj/news/nigina-amonulova-az-ovozkhon-dast-mekashad

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон