ПАДАРИ СИТОРАИ КАРОМАТУЛЛО МАНСАБ ГИРИФТ!

ПАДАРИ СИТОРАИ КАРОМАТУЛЛО МАНСАБ ГИРИФТ!

 Кароматулло Раҳимов роҳбари директори мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев бо фармони вазири фарҳанги кишвар Зулфия Давлтазода роҳбари нави Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гардид. 

Барои тасдиқи ин хушхабар хабарнигори сомонаи Oila.tj Рустам Азимӣ ба Ситораи Кароматулло, машҳуртарин сарояндаи кишвар дар тамос шуд.  Ситораи Кароматулло сӯҳбати телефонӣ дар ин бора чунин афзуд: "Аз фармони вазири кишвар муҳтарама  Зулфия Давлатзода зиёд хурсанд гаштам, зеро ки хизматҳои шоёни падарамро ба назар гирифта, ба ин мансаб таин намуданд. Падарам, ки худ санъаткори асил ҳастанд, бовари комил дорам, ки ҳунармандони ҷавонро дар ин самт дастгирӣ мекунанд". То имрӯз Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки дар вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фаъолият дошт, аз вазифа сабукдӯш гардид. Афзалшоҳ Шодиев дар ин бора ба хабарнигори сомонаи pressa.tj  гуфтааст, ки таъиноташ ҳамин субҳ баромад ва директори навро бевосита вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода муаррифӣ намудааст. “Субҳи имрӯз вазир омаданд ва фармони барканор кардани маро қироат намуда, директори навро таъйин намуданд”-мегӯяд ҷаноби Авзалшоҳ бо афсӯс... Тавре манбаъ овардааст, Афзалшоҳ Шодиев қаблан дар мавриди барканориаш аз чизе огоҳ набуд ва хабари аз кор озод шуданаш барояш ғайричашмдошт буд. Дар мавриди нақшаҳои ояндааш сароянда гуфт: “Чизҳоямро ҷамъ карда меравам”. Ёдовар мешвем, ки Афзалшоҳ Шодиев соли 1960 таваллуд шуда, синни ба нафақа баромаданаш чор сол баъд фаро хоҳад расид. подробнее тдж: https://oila.tj/news/padari-sitorai-karomatullo-direktori-filarmoniya-shud

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон