расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » RC Cola - нӯшокие, ки бӯйи Ватан дорад

. / Ҷомеа

RC Cola - нӯшокие, ки бӯйи Ватан дорад

Чанде қабл хабар ёфтам, ки дар Федератсияи Россия ҳамватанони мо бо вуҷуди интихоби васеи нӯшокиҳои газнок дар мағозаҳо бештар дилбастаи колаи тоҷик мемонанд, зеро тамъи он барояшон  ёди Ватанро меорад.  
Бале, сухан дар бораи колаи тоҷикӣ меравад ва ин ҳақиқат аст, ки аксари ҳамватанони мо бо дидани колаи тоҷикӣ баъзан ҳатто ашк мерезанд, зеро он ба мисли оши палов ва нони гарми суннатӣ дар Ватан барояшон азиз аст. Хабари шунидаам чунон ба ман таъсир расонид, ки тасмим гирифтам аз чанд муассиса ва нуқтаҳои савдои фурӯши чаканаи шаҳр гузар намуда, муайян намоям, ки колаи тоҷикӣ то кадом андоза миёни истеъмолкунандагон ва ҳамватанони мо нуфуз дорад.
Аввалан ба мағозаи наздиктарин рафтам. Аз фурӯшанда – марди миёнасоле пас аз салому алейк дарҳол пурсидам: Шумо дар фурӯш колаи тоҷикӣ доред? Фурӯшанда сонияе фикр карда, бори дигар аз ман дархостамро пурсон шуд. Бори дигар такрор кардам, ки ба ман колаи тоҷикӣ лозим аст. Ин дафъа, бидуни ҳеҷ дудилагӣ ба яхдони кабуд ишора кард, ки дар он маҳсулоти бренди RC Cola бо шукуҳи хоса дар зарфҳои гуногун  ва дигар намудҳои бастабандӣ пешниҳод гардида буд. Бори дигар аз фурӯшанда пурсидам: Чӣ тавр як бренди амрикоӣ метавонад моли тоҷикӣ бошад? Фурӯшанда ба суолам бо табассум посух гуфт, ки маҳсулоти мазкур дар Тоҷикистони мо аллакай муддати 20 сол истеҳсол мешавад. Ин аввалин бренди ҷаҳонӣ буд, ки маҳсулоташ аз ҷониби нафароне истеҳсол мешуд, ки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон боварӣ доштанд. Тамъи RC Cola, ки як насли миллениум бо он ба воя расида, солҳои душвори ташаккули Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободро паси сар кардаанд, барояшон азиз гашт ва то имрӯз онҳо садоқати худро ба маҳсулот ва бренди мазкур нигоҳ дошта, онро RC Cola-и тоҷикӣ номиданд. Бо мақсади идома додани сафари худ ва ба даст овардани маълумоти бештаре оиди ин маҳсулот тасмим гирифтам, ки дар як ошхонаи анъанавӣ, ки хӯрокҳои миллӣ омода мешаванд, луқмае тановул намоям. Аслан дар чунин мавзеъ ҷавонон, пиронсолон, коргарон ва донишҷӯён бо нархи арзон ва хӯроки зудпаз хӯрдан мехоҳанд. Тавре назорат намудам, донишҷӯён аз пешхизмат бо ханда мепурсиданд: “RC Cola доред, дошта бошед, биёред, надошта бошед, чой менӯшем” ва пешхизмат низ дар ҷавоб бо табассум посух медод, ки “албатта, дорем”. Яъне, дӯстдорони бренди мазкур то андозае босадоқат ҳастанд, ки ба хотири бренди дӯстдоштаи худ омода ҳастанд ба ҷои он чой нӯшанд. Хеле ҳайратзада шудам, зеро дар ошхона нӯшокиҳои дигари газнок низ вуҷуд доштанд, вале аксарият дар рӯи мизи худ бренди дигарро дидан нахостанд. Пешхизматро даъват намуда, дар боби колаи тоҷикӣ пурсон шудам. Пурсидам, ки оё дӯстдорони RC Cola зиёданд? Пешхизмат посух гуфт, ки хеле зиёданд, зеро сокинони Ватани мо баъди азобу уқубатҳо дилбастаи RC Cola мондаанд, чун он тамоми ин солҳо бо мо буд. Эҳтимол сабаби чунин муҳаббату дилбастагӣ ба маҳсулоти мазкур ҳамин бошад, ки дӯстдорони RC Cola дар рафҳои мағозаҳои кишвар нӯшокиҳои навро аз тамғаи дӯстдоштаи худ пайдо намуданд, ки онро дар роликҳои таблиғотӣ, энергетикҳо ва обҳои функсионалӣ дида буданд. Хулоса, ширкати мазкур нисбати дӯстдорони маҳсулоти худ ғамхорӣ зоҳир намуда, барояшон беҳтарин нӯшокиву шарбатҳоро бо сифати ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд. Шумо метавонед тамоми маҳсулоти “Оби Зулол”-ро дар нуқтаҳои савдо, рафҳои мағозаҳо таҳти шиори «Маҳсулоти ватанӣ  бо сифати ҷаҳонӣ ва нархи дастрас» пайдо кунед ё метавонед ба воситаи сомонаи shop.obizulol.tj барои расонидани дархости ройгони онлайнӣ фармоиш диҳед. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.