Бехабар намонед! Дар намоиш – фурӯши китоб 3 ҷилди “Маснавӣ” 45 сомонӣ арзиш дорад

Пагоҳ 1-уми феврали соли ҷорӣ дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши фурӯши китобҳои нашриёти “Адиб” баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ китоби “Маснавӣ” – и Румиро бо арзиши 15 сомонӣ метавонед бихаред. 

Дар ин бора директори нашриёти “Адиб” дар сафҳаи фейсбукии худ хабар медиҳад.

“Ҳар касе, ки нангу номуси миллӣ дорад, агар ҳар шаҳрванде, ки эҳтиром дар замираш нисбат ба ватану миллат ҷӯш мезанад ва билоахира касе, ки соҳибватани асил аст, бояд аз намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри интишороти ” Адиб” худро канор нагирад”, – навиштааст Давлат Сафар

Намоиш соати 8 оғоз гардида то соати 13 идома меёбад. .

Ёдовар мешавем, ки чунин намоиши фурӯши китоб ҳафтаи гузашта низ дар ҳамин макон роҳандозӣ шуда буд. Дар намоиши гузашта зиёда аз 6000 китоб фурӯхта шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон