7- ДОНИШҶӮЙИ ТОҶИК БА КАРОНАВИРУС ГИРИФТОР ШУДААНД:

7- ДОНИШҶӮЙИ ТОҶИК БА КАРОНАВИРУС ГИРИФТОР ШУДААНД:

  Аз 56 донишҷӯи тоҷик, ки дар шаҳри Ухани Чин таҳсил мекарданд, танҳо 46 нафарашон ба Ватан бозгаштанд... 

Дирӯз донишҷӯёни тоҷик аз ин шаҳри пурфалокат,ки макони асосии каронавирус ба ҳисоб меравад, тавассути ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба Тоҷикистон баргаштанд. 3 нафар донишҷӯёни мо бо хоҳиши худ аз бозгашт ба Ватан худдорӣ намудаанд, 7 донишҷӯи дигари тоҷик бо сабаби таббии баланд доштанашон дар шаҳри Ухан мондаанд. Тибқи иттиллои Sputnik Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамҷоя бо Вазорати умури хориҷии кишвар хабар додааст, ки 7 донишҷӯйи тоҷик бинобар доштани табби баланд ба Ватан оварда нашуданд.

 Ин донишҷӯён айни замон дар шаҳри Ухан дар зери назорати табибон қарор доранд,вале ҳанӯз маълум нест, ки онҳо ба коронавирус гирифторанд ё бо ягон сабаби дигар таб кардаанд.  Дар хабар омадааст, ки 3 донишҷӯи дигари тоҷик бо хоҳиши худ аз бозгашт ба Ватан худдорӣ намудаанд. Ёдрас мешавем, ки 46 нафар донишҷӯёни аз шаҳри Ухан баргаштаи тоҷикро ба Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати "Харангон"-и ноҳияи Варзоб бурданд. Онҳо муддати дуҳафта дар ин осишигоҳ зиндагӣ хоҳанд кард. Дар ин муддат донишҷӯёни аз Чин баргашта зери назорати табибон қарор гирифта, се вақт бо хӯроки гарми ройгон таъмин карда мешаванд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/7-donishyi-toik-ba-karonavirus-giriftorand-e

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон