ПУШАЙМОНӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

 

11.02.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, шаҳрванд Ғафуров Ҳасанҷон Маъруфҷонович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Унҷӣ, кӯч.Сино х.3, санаи 28.01.2020 сол ба унвонии роҳбарияти ШВКД дар н.Б.Ғафуров бо ариза муроҷиат кардааст, ки ӯ соли 2010 бо даъвати шаҳрванд Яҳёев Ғайрат Яҳёевич 1986 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. ҷ/д Ҳ.Усмон, кӯч.Ш.Қаландаров х.27, ки айни ҳол дар давлати Арабистони Сауди қарор дорад, ба ташкилоти экстремистии равияи «Салафия», ки мақсади ниҳоияш барҳам додани давлатҳои сохти идоракуниашон демократӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он бунёд намудани давлати исломии «Хилофат» мебошад, шомил гардида, то соли 2016 дар ин ташкилоти экстремистии мазкур фаъолона иштирок намудааст. Нисбати шаҳрванд Ғафуров Ҳ.М. маводҳо бо моддаи 307 иловаи-3, қ.2 КҶ ҶТ тартиб дода шуда, бо дастрасии моддаи 72 қ.2 ва эзоҳи моддаи 307 иловаи-3 КҶ ҶТ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон