ҲАБИБ НАРМАГАМЕДОВ ЖУРНАЛИСТИ РУСРО КУШТАН МЕХОҲАД?

ҲАБИБ НАРМАГАМЕДОВ ЖУРНАЛИСТИ РУСРО КУШТАН МЕХОҲАД?

 Олег Кашин, яке аз журналистони машҳури рус варзишгари доғистонӣ Ҳабиб Нурмагамедовро бар он муттаҳам кардан мехоҳад, ки гӯё қасди ҷони ӯ намудаанд.

Кашин дар як баромадаш ин варзишгари номдорро зери тозиёнаи танқид гирифта, гуфта буд, ки “Ҳабиб бо муҳорибаҳои худ Русияро дар тамоми дунё бадном мекунад”. Ба гуфти ин хабарнигори рус аз ин танқиди журналист димоғи нозуки чемпион сӯхта, ҷонибдоронашро ба муқобили ӯ шӯронда истодааст. Кашин мегӯяд одамони Ҳабиб Нурмагамедов аллакай чанд маротиба ошкоро таҳдиди куштан ва несту нобуд кардани ӯро намудаанд. “Изҳороти ман дар бораи санъати омехтаи ҷангии Ҳабиб Нурмагомедов боиси хашми мухлисони ӯ шуд. Ба назарам, ман бояд гуфтаҳоямро шарҳ диҳам, зеро метарсам, ки баъзе одамони беақл ба ман барои интиқоди шадидам аз Нурмагамедов зарари ҷисмонӣ расонида метавонанд. Ин тарс барои ман ҳамчун рӯзноманигор таҳқир аст.

Ман рӯзноманигорам ва медонам, ки сухан ҳамеша аз ҳама гуна пӯлод ва ҳатто мушт пурқувваттар аст, аммо ҳоло якчанд корманди мағозаи "Папах Мир" маро ба марг таҳдид карда истодаанд" – гуфтааст рӯзноманигор дар сӯҳбат ба хабарнигори “Комсомольская правда". Ёдрас мешавем, ки қаблан Олег Кашин, падари Ҳабибро, ки ҳамзамон мураббии ӯ ба ҳисоб меравад, “ҳасадхӯр ва бадбин” номида хоҳиш карда буд, ки ММА-ро манъ кунанд. Абдулманап Нурмагомедов дар ҷавоб ба танқиди Олег Кашин чунин гуфт: “Инҳо одамони ҳасудхӯр ва нафратангез мебошанд. Ҳеҷ кас онҳоро ислоҳ карда наметавонад. Мо бо Тони Фергюсон ҳатман муҳориба мекунем ва алҳол барои ин омодагӣ мебинем. Одамони ҳасудхӯр ба ҳар роҳ кӯшиш доранд барои анҷом наёфтани ин муҳориба халал ворид кунанд”. подробнее тдж: https://oila.tj/news/abib-narmagamedov-zhurnalisti-rusro-kushtan-mekhoad

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон