Чаро наҳзатиҳо озодии Шариповро талаб доранд!

Чаро наҳзатиҳо озодии Шариповро талаб доранд!

https://www.facebook.com/groups/dilshod.rahmonov.16051988/permalink/551383595469020/ 

Рўзноманигор Далер Шарипов аз тарафи мақомоти Тоҷикистон барои барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва миллӣ дастгир шудааст. Ҳамчунин, ў китоберо бо номи Муҳаммад (с) ва терроризм нашр кардааст, ки дар он идеяҳои ҳаракати террористии «Ихвон-ул-муслимин»-ро истифода бурда тарафдорӣ кардааст. Дидаву дониста, ки ин равияи номатлубро бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мамнўъ эълон кардаанд, боз дар миёни мардуми Тоҷикистон, ки бо мушкилиҳои зиёд тинҷиву оромиро ба даст оварданду аз хатар ва таҳдиди чунин ҳаракату ташкилотҳои террористӣ халосӣ ёфтаанд, ў кўшиш кардааст, ки дар кишвари азизамон чунин ақидаҳоро ҷорӣ намояд.
Аммо душманони миллат ва давлати Тоҷикистон масаъалаи Далер Шариповро истифода бурда ҳангома сохта истодаанд. Ва сомонаҳояшонро, ки ба минбари ифротгароӣ ва иттиҳомоту иғвоангезӣ табдил додаанд, имрўз сару садо барои озодии Д.Шарипов бароварда истодаанд. Вале саволе ба миён меояд, ки наҳзатиҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бо истифода аз кадом қонунҳои муқарраргардидаи дохилӣ ва хориҷӣ талаби озодии ин дастгиршударо карда истодаанд? дар ҳоле, ки ў дар ҳолати санҷиш қарор дорад. Ҳангоме, ки гуноҳаш исбот нашавад, ўро озод мекунанд ва дар ҳолати исбот гаштани чунин ҷиноятҳояш ҳатман мувофиқи қонунҳои муқаррагардидаи Тоҷикистон ҷазояшро хоҳад гирифт. Дар ин ҳолат на наҳзатиҳо ва на созмонҳои байналмилалӣ ҳуқўқ надоранд, ки талаби озодии ўро кунанд.
Ин дархосту талаби озодии як ҷиноятпеша, ки ҳоло таҳти санҷиш қарор дорад, ғайриқонунӣ мебошад. Ба мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки кори дасти наҳзатиҳо аст, ки дар назди созмонҳои байналмилалӣ мақомоти Тоҷикистонро туҳмат карда, ба сияҳкорӣ даст мезананд. Аслан бетаҳлили масъала ҳеҷ созмоне ҳуқуқи чунин як дархостро надорад, пуштибонии онҳо барномаи тарҳрезигаштаи террористони наҳзатӣ мебошад, ки бар зидди мақомоти кишварамон тарҳрезӣ гаштааст.
Ҳимояи Далер Шарипов аз тарафи роҳбарон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ мардумро ба фикр кардан водор кардааст, ки барои чӣ як ташкилоти террористӣ тарафдорӣ аз он нафарро карда истодааст? Пас маълум мешавад, ки ў аъзо ва бозичаи дасти наҳзатиҳо ҳам будааст, ки бозиҳояшонро тавассути ў дар Ватани мо амалӣ месохтаанд. Аммо ин пуштибониҳои наҳзат ўро шармандатар ва террорист эълон мекунад. Чунки онҳо бо ин сару садо ва тарафдориашон обрўи инсонро паст карда, кўшиш мекунанд, ки худро дар назди мардум дилсўз ва миллатсолор нишон диҳанд ва дар асл чунин нестанд.
Наздикони Далер Шариповро зарур аст, ки ба ин сару садои террористони наҳзатӣ гуш надода коре карда забони онҳоро аз чунин иғвоангезиҳо боз доранд. Ва мутмаин бошанд, ки мақомоти Тоҷикистон касеро бегуноҳ ба ҷавобгарӣ ҷиноятӣ намекашад. Туҳмат аст ин гуфтаҳои сомонаҳои наҳзатӣ ва ҳеҷ таҳлилҳояшон асоси воқеӣ надорад. Бинобар ин ба чунин ҳангомаву иттиҳомоти онҳо гуш додан беақлист.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон