Бигу, дӯстат дорам! Муфтӣ Абдулқодирзода дар бораи хиёнати занони муҳоҷирин

Похороны Бозора Собира

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии кишвар гуфт, муомилаи бад ва рафтори дағалона занро маҷбур месозад даст ба хиёнат бизанад

ДУШАНБЕ, 5 февр — Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, яке аз чеҳраҳои мазҳабӣ дар ҷумҳурӣ, муфтии кишвар, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки агар ҳамон марди муҳоҷире, ки дар як моҳ як маротиба ба ҳамсараш занг зада бо лаҳни хуб гуяд “дӯстат медорам”, ҳамсараш ҳеҷ гоҳ даст ба хиёнат намезанад.

“Ман боварӣ дорам агар ҳамон марде, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳаст дар як моҳ агар як бор ба оилаи худ занг бизанад ва танҳо бигуяд “дӯстат медорам” ҳеҷ вақт ҳамон зан хиёнат намеккунад. Аммо мутаасифона муносибати хуб нест”, - таъкид дошт муфтӣ.

Абдулқодирзода афзуд, ки муҳоҷир аз дур дағалона рафтор карда, дили занро сард мекунад.

“Асоси даст ба хиёнат задан ин муносибати бади зану шавҳар аст. Агар марду зан бидонанд, ки муносибати бад ва рафтори дағалона дар зиндагӣ метавонад онҳоро ба роҳи бад бубарад, ҳеҷ гоҳ чунин рафтору муносибат намекунанд ва хиёнатҳо низ намешаванд”, - гуфт ӯ.  

Муфтии Тоҷикистон таъкид дошт, ки имомхатибҳои 350 масҷиди ҷомеи, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, дар маъвизаҳои худ ҳамеша ба ин масъала таъкид мекунанд. Аммо Абдулқодирзода бар онаст, ки дар пешгирии ин раванд танҳо дин басанда нест.

Ба гуфтаи вай, дар муқобили телесериалҳое, ки ҷавононро ба хиёнат ё ба фисқу фуҷур даъват мекунанд, тариқи васоити ахбори омма бояд корҳои фаҳмондадиҳии бештар шавад то ҷавонон бидонанд, ки барои фарзандон ва яндаи худ чӣ хатаре эъҷод мекунанд.  

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ Давлатзода Сулаймон, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қайд кард, ки вайроншавии оилаҳо як мушкилоти бузурги иҷтимоӣ ҳаст.

Вай афзуд, ин реша мегирад аз бе масъулиятии ҳам ҷавон ва ҳам ҷавонзан.

Инчунин, вай қайд кард, ки дар дунёӣ пешрафтаи технология ва телекомуникатсия назорат кардан муракабтар шудааст.

Давлатзода Сулаймон таъкид кард, ки ягона роҳе, ки метавонад пеши роҳи барҳамхурии оилаҳоро бигирад ин боло бурдани фарҳанг аст.


Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200205/1030662082/Bigu-dustat-doram-Mufti-Abdulkodirzoda-khienat-zanon-muhojir-.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон