расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон мусобиқаи варзишӣ доир мегардад

. / Варзиш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон мусобиқаи варзишӣ доир мегардад

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр таҷлил мешавад, пагоҳ, 2 декабр дар толори варзишии Якка-чинор бо ибтикори Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» барномаи варзишӣ ва мусобиқаи намудҳои баскетбол бо аробачаи маъюбӣ, дастхобонӣ, шоҳмоту шашка баргузор мегардад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» хабар доданд.
Дар мусобиқа намояндагони Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, ТҶ «Федератсияи варзишгарони маъюби шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ», ТҶ «Федератсияи шашкаю шоҳмоти маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон»  иштирок менамоянд.
Ҳадафи гузарондани мусобиқаи варзишии мазкур пешбурди тарзи ҳаёти солим ва ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба зиндагию фаъолияти шахсони маъюб мебошад. Зеро шахсони дорои имконияти маҳдуд низ узви ҷудонашавандаи ҷомеа буда, дар баробари дигар шаҳрвандони мамлакат баробарҳуқуқанд.
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 марти соли 2018 ба Конвенсияи СММ «Оид ба ҳуқуқи маъюбон» имзо гузоштанд. Чунин икдом бори дигар собит менамояд, ки шахсони маъюб дар сиёсати иҷтимоию хирадмандонаи давлату ҳукумати Тоҷикистон мавқеи хосса ишғол менамоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.