расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Раиси шаҳр: Мансабдорон навбатдор истед!

Асосӣ / Сиёсат

Раиси шаҳр: Мансабдорон навбатдор истед!


Раиси шаҳри Рустами Эмомалӣ, бо қарори худ ҷадвали навбатдории мансабдоронро дар мавсими зимистон тасдиқ  намуд

Тавре дар қарор омадааст, мансабдорони навбатдор бояд барои ҳалли саривақтии муроҷиатҳо  ва мушкилоти шаҳрвандон дар давраи зимистони  солҳои 2020-2021  чораҷӯӣ кунанд.
Раиси шаҳр“Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе», Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷиҳати ташкили навбатдории шабона аз ҳисоби кормандон тадбирҳо андешида, вобаста ба хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмин намудан бо об, энергияи  барқу гармидиҳӣ ва дигар  ҳолатҳои фавқулода  чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд”, — гуфта шудаааст дар қарори раиси шаҳр.Ҳамчунин, назорат аз болои иҷрои ин қарор  ба зиммаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Саидзода  гузошта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.