Садақа радди бало: Ташриф Халилов ба садама дучор шуд

Садақа радди бало: Ташриф Халилов ба садама дучор шуд

 

Ҳаҷвнигор ва ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ташриф Халилов дар яке аз минтақаҳои шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) ба садама дучор шуд.

Дар ин бора худи ҳаҷвнигор дар барномаи “Сарнавишт” хабар додааст.

Қисми аввали барномаи “Сарнавишт” дар саҳифаи “ASAD FILM” дар шабакаи YouTube пахш гардида, то кунун онро наздики 10 ҳазор нафар тамошо кардаву ба амалҳои хайри ҳунарманд таҳсину офарин хондаанд.

Барнома аз ҳаёти нафарони нодору камбиёзоат қисса мекунад, ки Ташриф Халилов бо кӯмаки ҷамъияти хайриявии “Сабо” ва соҳибкороне, ки берун аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба ин оилаҳо кӯмаки пулӣ мерасонад.

“Бадбахтона, дирӯз ба як садам гирифтор шудем. Дар роҳ истода будем, ки як мошини боркаш омада аз пасамон зад. Хушбахтона, сиҳат саломат ҳастем ва касе осеб надид. Дуои шумо ва садақаҳои кардаамон моро наҷот дод”,-мегӯяд Ташриф Халилов дар рафти сӯҳбат.

Хушбахтона, ҳоли ҳаҷвнигор ва нафароне, ки дар мошин ҳамроҳаш буданд, хуб аст ва касе зарари ҷисмонӣ надидааст. Ин нахустин кори хайри Ташриф Халилов нест ва ӯ қаблан низ ба чунин корҳо машғул буд.

Чанде пеш Мансур Нигматов, продюсери тоҷик аз ҳисоби маблағҳои шабакаи YouTube-аш бо зиёда аз 100 мошини ширкати “Рахш таксӣ” ба беш аз 100 оилаи ниёзманд ёрии яквақта расонид.

Мақсади ба навор гирифтану оммавӣ кардани чунин амалҳои хайр дар он аст, ки дигарон низ бинанд ва ибрат бигиранд. Зеро дар Тоҷикистони мо низ нафарони дорову сарватманд кам нестанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон