Биниро шикасту пешониро бӯсид: видеои пурраи рақобати Макгрегор ва Серроне: видео

Биниро шикасту пешониро бӯсид: видеои пурраи рақобати Макгрегор ва Серроне: видео

Қаҳрамони собиқи UFC, размикори ирландӣ Конор Макгрегор рақиби амрикоии худ Доналд Серронеро дар 40 сонияи даври аввал шикаст дод

Макгрегор сабқат бо Серронеро аз ҳамла оғоз карда, хеле зуд бо зарби китф бинии рақибро шикаста, хай-кики муваффақ анҷом доду ба силсилаи зарбаҳо гузашт. Довар Херб Дин сабқатро дар сонияи 40 боздошт.

Макгрегор баъди пирӯзӣ рақибашро оғӯш гирифту бӯсид ва ба ҳозирин эълон кард, ки “ман баргаштам”. Ӯ ин пирӯзияшро таърихӣ унвон карда, таъкид намуд, ки шоҳи майдон баргашт. Ин нахустин пирӯзии Макгрегор тайи беш аз се соли охир мебошад.

Қаблан набарди размикори ирландӣ бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов қаҳрамони UFC дар вазни сабук доир гардид, ки бо пирӯзии размикори доғистонӣ анҷом ёфт. Ҳабиб Нурмуҳаммедов рақиби худро бо усули буғикунӣ мағлуб кард. 

 

Зимнан, Конор Макгрегор чанд бор ба размикори доғистонӣ пешниҳод кард, то ба далели дархости ҳаводорони ин намуд варзиш,  як муҳорибаи такрориро баргузор кунанд, вале Ҳабиб дархости ӯро пайваста рад мекунад ва изҳор медорад, ки зарурати баргузор кардани рақобати такрорӣ бо Конорро намебинад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон