МУЪҶИЗАИ ПАРВАРДИГОР

МУЪҶИЗАИ ПАРВАРДИГОР

 Марди худо

Дар яке аз деҳаҳои зебоманзари куҳистони Вахё марди донишманде мезист бо номи Махсуми Бадриддин. Ин марди порсо хатмкардаи мадрасаҳои Бухорои шариф ва донандаи хуби нозукиҳои Ислом буд. Бадриддин пас аз хатми мадраса ба деҳаи падарӣ баргашта ба деҳқонӣ машғул бошад ҳам, донишманд буданашро ба назар гирифта мардум ӯро махсум гӯён эҳтиром менамуданд. Дар лаҳзаҳои фориғ аз кори деҳқонӣ махсум ба фарзандони диёраш илми илоҳӣ меомӯхт.Ишқи бевазани ҷавон Пас аз чанд рӯзи ин воқеа раиси ҷамоат Махсумро ба хонааш даъват намуда илтимос кард, ки хоҳарашро дуо хонад. “Шавҳараш бо ду кӯдакаш зери тарма монда ҳалок шуданд. Аз тарс як бари рӯйи хоҳари бечораам каҷ шудааст. Вай ҳамагӣ бисту ду сол дорад, метарсам, ки як умр хандахариши мардум шуда намонад. Занам гуфт, ки даму нафаси Махсум ҳар дардро даво мебахшад, аз ҳамин хотир ба назди шумо омадам”,- хастаҳолона нақл кард раиси ҷамоат Исроил. Махсум сухани ӯро дар замин намонда ба хонааш рафт ва се рӯз хоҳари раис Ҳуринисоро қасидаи бурида хонд. Бо инояту меҳрубонии парвардигор ҷавонзан шифо ёфта, рӯйи каҷшудааш боз рост шуд. Исроил ба шарофати шифо ёфтани хоҳараш як ҳафта пас гӯсфанд кушта Махсумро ба меҳмонӣ хонд ва байни мардум эълон дошт, ки агар махсуми Бадриддин розӣ шавад, хоҳарашро бо як коса об ба никоҳи ӯ медарорад, аммо махсум рад кард. Пас аз чанд рӯзи зиёфат Ҳуринисо худаш ба сари замини навкорами Махсум рафта рӯирост гуфт: -Махсум, ба ҳоли ман нахандед, шавҳарам, Худо раҳматаш кунад, марди афюнии дағал ва ҷоҳиле буд. Ҳамон рӯзи фалокат ҳам банг зада буд ва кӯдакони хурдсоламро “ба ман ёрӣ мерасонед” гӯён, ҳамроҳаш ба ҷангал ҳезумчинӣ бурду дар бозгашт онҳоро тарма бурд. Мани аз муҳаббати мард сер нагашта дар ҳамон се рӯзи дуохонӣ карданатон шуморо дӯст доштам. Хонаву дари обод дорам, ба ман чизе лозим нест, фақат маро ба никоҳатон дароред, кифоя аст! Мехоҳам бароятон писар таваллуд кунам... Махсуми Бадриддин ба рӯйи сафеди зебо ва рухсораҳои лолагуни Ҳуринисо назар дӯхта чунин посух дод: -Ту ҳамсину соли духтари калонии ман ҳастӣ духтарам, ман ҳеҷ гоҳ ин корро карда наметавонам. Аслан, зани дигар гирифтанӣ нестам. Писарро Худо медиҳад. Илтимос, бахтатро аз дигар ҷо ҷӯё шав! Ман ба даргоҳи парвардигор дуо мекунам, ки дари бахтатро кушода шаваду марди порсое насибат гардад! Боз духтар?! Пас аз чанд моҳи ин ҳодиса зани Махсуми Бадриддин Аҳлинисои 45- сола боз ҳомиладор шуд. Акнун нуҳ духтари Махсум шабу рӯз аз Худованд илтиҷо мекарданд, ки ба онҳо додараки зеборое ҳадя намояд. Рӯзу моҳи ҳамлаш пур шуду Бибиотунро дарди зодан гирифт. Духтаронаш ҳама ҷамъ омада, момодояи деҳа, кампири Гулҷонро ҷеғ зада оварданд. Пас аз адои намози шом дар хонадони Махсуми Бадриддин овози гиряи тифл чун садои зангӯлаи зиндагӣ танин андохт. Момодоя саросема тифлакро тагу рӯ карда дид, ки духтар аст. Кампири Гулҷон ва ҳамсоязан Саидамоҳ тифлакро шуста парпеч намуданду ба бағали модараш монданд. Аҳлинисо ба тифлаш сина медоду оби чашмонаш рӯяшро мешуст, духтаронаш бошанд дар хонаи дигар гӯё мусибате рӯй дода бошад, бо тамоми овоз мегиристанд ва дастонашон ба сӯи осмонҳо гӯё бо Худо мунозира мекарданд: “Худоҷон, наход оҳи мо ба гӯши ту нарасид...” Ин дам садои “Шукри Худо” гӯён, ба чиллахона даромадани касе баланд шуд. Ин садои марғуладори Махсуми Бадриддин буд, ки овози духтараш Бибимарями гирёнро бурид. Махсум бо меҳр тифлаки навзодро ба оғӯш гирифт ва дар гӯшаш азон гуфта, духтаронашро сарзаниш кард, ки қаҳри Худоро наоранд. “Хуб шуд, ки боз соҳиби як хоҳарак шудед. Духтар синаи раҳм аст, ба волидон аз писар дида зиёдтар меҳрубон мешавад. Вақте ки дар хонае духтар тавлид меёбад, чил рӯз дар гирди он хонадон фариштаҳо мегарданд”,- духтарони гирёнашро насиҳат намуд Махсум ва аз хона бадар рафт. Пас аз рафтани падар духтарон ҳамагӣ таҳорат карда намози шукрона хонданд, вале боз дар сари ҷойнамоз беихтиёр ашк рӯйи дидагонашон мешорид. Муъҷизаи парвардигор Нимае аз шаб гузашта буд, ки навзод гиряи талх кард. Кампири Гулҷон парида хест ва чароғро наздик оварда, хост парпечи кӯдакро иваз намояд. Дар парпеч писарча мехобид. Кампир бо овози баланд “Дар қудратат мурам Парвардигорам!” гӯён, фарёд зад. Духтарони Махсум аз хонаи шафат садои кампири Гулҷонро шунида ба ташвиш афтида, зуд ба назди модарашон даромаданд. Нуҳ хоҳар аз дидани ин муъҷизаи Худованд шах шуда монданд. Бибимарям талх гиря мекард, зеро вай шахсан худаш даҳ бор кӯдакро аз назар гузаронида, то дасту пойҳояшро санҷида буд… Махсуми Бадриддин ба писараш Лутфиаллоҳ ном гузошт, зеро Худо ин гуна лутфро танҳо ба бандаҳои хосаш муносиб медонад…. Аз муаллиф: Хонандагони азиз! Ин ҳодиса бофтаю хаёлӣ нест. Ман ин ҳодисаро аз забони набераи Махсуми Бадриддин шунида ба рӯи коғаз овардам. Танҳо номҳо дар қисса иваз шудаанду халос.

Зангирии махсум Волидайни Бадриддин ба писари парҳезкорашон аз байни духтарони деҳа арӯси муносибе пайдо намуда, бо тӯю суру шодию нишот келинашонро ба хона оварданд. Дар урфият беҳуда намегӯянд, ки зан сояи шавҳар аст, ҳамсари Бадриддин Аҳлиниссо мисли шавҳараш бонуи парҳезкор ва солеҳае баромад. Пиру кампир шукрона мекарданд, ки дар интихоби келин хато накарданд ва иншооллоҳ бо чунин зани фариштахисол писари худотарсашон хушбахт мешавад. Мардуми деҳа ба ин ҷуфти зебо назари ҳавас медӯхтанд. Духтарон орзу мекарданд, ки Бадриддин барин шавҳари меҳрубон насибашон гардад, писардорҳо бошанд, худоро зорӣ менамуданд, ки барояшон келини чун Аҳлинисо боимон ва ҳунармандеро насибашон гардонад. Боғи махсум Се соли зиндагии навхонадорон мисли се рӯз ба зудӣ гузашт. Саргарми сохтмони хонаи умеди худ зану шавҳари ҷавону меҳнатдӯст чӣ тавр гузаштани вақтро нафаҳмида монданд. Дар ин миён бо обилаи кафи дасти Махсуми Бадриддин хонаи зебое дар домани куҳ қомат афрохт, Аҳлинисо бошад ба шавҳараш ду гулдухтараки заркокулро ҳадя карда, сарашро ба осмон расонд. Ниҳолакони шинондаи зану шавҳар ҷон гирифта, мисли арӯсакони зебо аз вазидани боди серун ба ҷавлон меомаданд, давутози хушҳолона ва хандаи беғаши фарзандонашон бошад, манзили онҳоро ба як гӯшаи биҳишт монанд мекард. Пас аз махсуми Бадриддин ба ин мавзеъ боз чанд хоҷагии дигар кӯчида омаданд ва ҳамсояҳо маслиҳат карда, деҳаяки навбунёдашонро “Боғи Махсум” ном ниҳоданд. Мардум ба ҳашар баромада бо ташаббуси махсуми Бадриддин дар байни деҳаи навбунёд масҷиди гунбаздор ва дар паҳлуяш барои таълими кӯдакони деҳоти гирду атроф мадраса сохтанд. Акнун махсум дар ин хонаи маърифат ба кӯдакон дарси худошиносию худопарастӣ меомӯхт. Гулҳои боғи падар Солҳо чун селаи мурғакон аз рӯйи куҳҳои сарбафалаккашидаи ҳамеша қуллаҳояшон сафеди куҳистони Вахё паси ҳам гузаштанду умри Махсум ба домани шаст дакка хурд, вале ҳамсараш Аҳлинисо, ки акнун мардум ӯро “Бибиотун” мегуфтанд, барояш ягон меросхӯр ба дунё оварда натавонист. Нуҳ духтари нозанину покдомани Махсум яке паси дигар хонаи падарро тарк намуда, ба хонаи бахти худ рафтанд. Чаҳор духтари калониро дар деҳаи худашон келин карданд ва онҳо аллакай соҳиби фарзанд буданд, хурдиҳо низ қад мекашиданд, вале нуҳхоҳарон то ҳанӯз умед доштанд, ки Худованд як рӯз не, як рӯз ба онҳо албатта додарак ҳадя мекунад. Махсуми Бадриддин ҳеҷ гоҳ аз духтарони моҳпайкараш ношукрӣ намекард ва онҳоро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт, вале ҳамсараш Аҳлинисо ва духтаронаш ташнаи писар буданду ҳар шаб дар сари ҷойнамоз соатҳо ашк рехта аз Худованд таманнои асои пирии падарашонро мекарданд. Набера писар намешавад Вақте ки духтари калонияш Бибимарям писари дуюмашро ба дунё овард, қудоҳояш тифли парпечро гирифта ба хонаи бобояш оварданд. –Махсум, мо ба хулосае омадем, ки набераатонро аз ҳамин рӯз ба шумо бахшем! Ӯро ҳамчун писари худатон қабул намоед,-гуфт хусури духтараш усто Имрон. Махсум тифли сӯяш дароз намудаи қудояшро рӯи даст гирифта бӯсид ва баъд духтарашро ҷеғ зада писаракашро рӯи дастонаш монду гуфт: -Бибимарями азиз, раҳмат, миннатдор, аммо тифли ширмаки туро аз банди ҷигарат канда гирифтан намехоҳам. Набераи ман аст, чӣ фарқ дорад, ки дар хонаи ту калон мешавад ё дар хонаи ман? Писарат ба худат насиб кунад, духтарам! Магар дар ҳамин қадар сол ягон бор аз забони ман калимаи ношукриро шунидаӣ? Ман аз Худованди меҳрубон шукргузорам, ки бароям нуҳ духтари нозанинро ҳадя намудааст. Духтар ҳам фарзанд аст, худо аз безурриётӣ нигоҳ дорад! Пас аз шунидани ин суханҳо мардуми ҷамъомада боз аз худотарсӣ ва раҳму шафқати ин марди доно қоил шуданд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/muizai-parvardigor

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон