ТАВАҶҶӮҲ: Навори видеоӣ таҳти унвони “Бесоҳиби дар Кӯлоб” куҷо ғайб зад ???

ТАВАҶҶӮҲ: Навори видеоӣ таҳти унвони “Бесоҳиби дар Кӯлоб” куҷо ғайб зад ???

 

 Навори видеоӣ тахҳи унвони “Бесоҳиби дар Кӯлоб” куҷо ғайб зад???

Хотирнишон бояд сохт, ки як рӯз пеш дар шабакаи интернет гузориши видеоие паҳн шуда буд, ки дар он вазъи ногувори шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла биноҳои валангору мавзеъҳои пур аз партов нишон дода шуда буд. Тавре дар навор дида мешуд, як бино, ки қаблан тарабхона будааст, ҳоло ба як вайрона табдил ёфтааст.

Инчунин, сокинон маҷбур шудаанд, ки ду тарафи сойи Теппалайро аз набудани ҷойи муайян ба партовгоҳ табдил диханд. Аз суханони мардуми маҳалӣ маълум аст, ки ин ҳодиса даҳ сол боз давом дорад, аммо касеро аз ин парвое нест.

Аҷаб таззоде, аз як тараф миллионҳо харҷ мешавад, ки аз Кӯлоб Париж созем, аз ҷониби дигар Кӯлоби бостон ва зебоманзарро ба партовгоҳ табдил додаанд.

Паҳн шудани навори мазкур дар шабакаи интернет боиси вокунишҳои тунд ва норозигии аксари шаҳрвандон аз масъулини шаҳри Кӯлоб гардидааст.

Вале мутаассифона дере нагузашта навори виедоии бо номи “Бесоҳиби дар Кӯлоб” аз тамоми сомонаҳои интернетӣ несту нобуд карда шуд.

Боиси таассуф аст, ки баъд аз наворбардорӣ ва намоиш додани вазъи ногувори шаҳри Кӯлоб, ба ҷои он ки масъулини сохторҳои марбута дар пайи ислоҳи камбудиҳои дар шаҳр буда шаванд, вале баръакс муаллифони наворро маҷбур менамоянд, ки чунин маводхоро аз шабакаи инетрент нест кунанд. Ба хотире ки худро дар назди рохбарияти олии кишвар ба қавле “лоло” нишон дода, дар “курсии вазифа” боқӣ монанд.

Зери суол мемонад, ки оё мақомотҳои вобасташуда ин наворро ба назар мегиранд ё не? Оқибати шаҳри Кӯлоб чи мешуда бошад Худо медонад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон