ШАВҲАРАМ БА ДУХТАРАМ ЧАШМ АЛО КАРДУ...

ШАВҲАРАМ БА ДУХТАРАМ ЧАШМ АЛО КАРДУ...

 Гулнисо ном дорам. Айни ҳол дар Федератсияи Россия муҳоҷир ҳастам. Мисли дигар муҳоҷирон ман ҳам маҷбур шудам ба ин мулки ғариб рахти сафар бандам.

Вақте ки 17 сол доштам маро ба шавҳар доданд. Хусуру хушдоманам одамонимеҳрубон, шавҳарам низ бисёр бачаи хуб буд,валебахт ба рӯям нахандида, пас азшаш моҳи хонадорӣ ҳамсарам ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда,ҷавонмарг гашт. Ба хотири дар зиндагӣ танҳо намондан волидонам маро дубора ба шавҳар доданд. Ин дафъа ба як мардаки худобехабри алкаш задам. Ҳар бегоҳ мастуаласт омаданш ба дилам зада буд, аммо хотири гапи мардум тоқат мекардам Солҳо тӯрнасон мегузаштанд,аммо мо ҳеҷ фарзанддор намешудем. Билохира бо маслиҳати хешу тифлакеро аз ятимхона гирифта бафарзандӣ қабул намудем. Ин духтарчаи заркокулро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, шояд ба подоши ҳамин меҳрубониҳоям нисбати ятимак худо оҳидиламро шунид ва чанд сол пас ҳомиладор шуда, якбора ду писари дугоник таваллуд кардам. Шавҳари бадмастам ба ҷойи худоро шукр гуфтан баъди тавлидиписарчаҳоям ду пояшро ба якмӯза андохт, ки Мунисаро бурда ба сағерахона супорем. Худо бо пою қадами ҳамин ятимак ба мо фарзанд дод гуфта, ман пешниҳоди ӯро рад мекардам. Ҳамин тавр аз рӯйи Мунисабайни ману шавҳарам дилхунукӣ афтид. Ҳар гоҳ,ки ҷангу ҷанҷол мешудем,ман тарафи духтарамро гирифта ӯро ҳимояменамудам, вале... КӮДАКИ 7-МОҲА АЗ ХУНУКӢ МУРД   Ҳамин тавр аз байн чанд сол гузашт ва Мунисаи ман 17-сола шуда,духтари нозанини қадрас гашт. Як рӯзи шум шавҳари худобехабарам боз масту аласт омада, дар ҳолати сархушӣ ба духтари бечораам дарафтодааст,агар камен дертар мекардам, падари беимонаш Мунисаротаҷовузмекард. Вақте ки ман аз дар даромадам, духтарам бо тамоми овоз дод мегуфту шавҳарам мисли гурги дупо либосҳои ӯро дар танаш дарронда, мақсади нополкашро амалӣ кардан мехост.Бо дидани ин манзара корд баустухонам расид ва бо азобҳои алим духтаракамро халос карда, аз болои шавҳарам ба милиса аризаи шикоятӣ навиштам. Пасазсанҷиши ин ҳодиса падари фарзандонамро ба ҳабс гирифтанд. ОФАРАНДАИ НАҚШИ ҲАЗРАТИ ЮСУФ ВАФОТ КАРД?   Аз дасти ин алкаш дар хонаамон ягон ашёи рӯзғор намонда буд ва ман маҷбур шудам,ки барои пеш бурдани зиндагиихудубачаҳоям роҳи муҳоҷиратро пеш бигирам. Шукри худо корам дар ин ҷо бад нест, бо меҳнати сангин бошадҳам, пули хуб кор мекунам ва ҳар моҳ ба хона маблағмефиристам, то ки бачаҳоям азоб накашанд. Ягона чизе,ки маро ба ташвиш овардааст, ин тақдири духтаракам аст. Метарсам,ки ягон рӯз шавҳари майзадаам аз маҳбас баромада, ба духтарам зарар нарасонад. Тарси ман бе сабаб нест, рӯзи мурофиаисудиаш шавҳари беимонам қасам хӯрдабуд,ки албатта қасдашро мегирад ва то он духтари бесоҳибро шармандаю беномус накунад, ором намегирад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Духтарамро ба назди худам ба Русия биёрам, ба Ватан ба назди фарзандолонам баргардам ё ё такя бахудованд намуда, тақдири духтарамро бадасти офаридгор супорам? Гулнисо аз Федератсияи Русия подробнее тдж: https://oila.tj/news/shavaram-ba-dukhtaram-chashm-alo-kardu

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон