Фаврӣ:Рамазон Қодиров муваққатан аз вазифааш даст кашид

Фаврӣ:Рамазон Қодиров муваққатан аз вазифааш даст кашид

 Роҳбари Чеченистон эълон намудааст, ки бино бар корношоямиаш муваққаттан аз иҷрои вазифааш даст кашид

Рамазон Қодиров, эълон намудааст, ки мувақаттан аз иҷрои вазифаи роҳбари Чеченистон даст кашидааст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Манбаъ таъкид кардааст, ки Қодиров иҷрои вазифаи роҳбари Чеченистонро муваққатан бар дӯши Хучиев Муслим, роҳбари ҳукумати Ҷумҳурии Чеченистон гузоштааст.

Рамазон Қодиров дар аризаи худ қайд кардааст, ки сабаби аз вазифаи роҳбари Чеченистон даст кашиданаш, корношоямӣ мебошад.

“Мутобиқи моддаи 76 Конститутсияи Ҷумҳурии Чеченистон бино бар корношоямиам иҷрои вазифаи роҳбари Чеченистонро аз 13 январи соли равон бар дӯши Хучиев Муслим, роҳбари ҳукумати Чеченистон вогузор мекунам”, - гуфта шудааст дар санаде, ки сомонаи расмии роҳбари Чеченистон интишор шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар Русия тағйроти кадрии бузург сурат гирифт. Ҳукумати Русия дар ҳайати пурра ба истеъфо рафт. Дмитрий Медведев пас аз чанд соати паёми солонаи раисҷумҳури Русия ба Маҷлиси федеролӣ истеъфо  дод.

Худи ҳамон рӯз Президенти Русия Владимир Путин, пас аз истеъфои Дмитрий Медведев, номзад ба курсии нахуствазири Русияро пешбарӣ кард.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин Михил Мишустинро ба номзадии нахуствазири Русия пешбарӣ кард.

Мишустин то имрӯз симати роҳбари Хадамоти андози Русияро дошт.



Read more: https://sputnik-tj.com/world/20200116/1030549387/Ramazon-Kodirov-muvakatan-az-vazifaash-dast-kashid-.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон