ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА: МАН ЗАНИ ДУЮМ НЕСТАМ!

ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА: МАН ЗАНИ ДУЮМ НЕСТАМ!

 Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони дӯстдоштаи мардуми тоҷик дишаб тариқи Истаграмаш бо мухлисонаш сӯҳбати ошкоро анҷом дода, тамоми сирру асрори зиндагиашро фош кард. Дар посухи саволи мухлисонаш дар боби он ки гӯё ин зебосанам зани дуюми кадом як мансабдор аст, бону Зулайхо чунин гуфт:

-Ман зани дуюми касе нестам. Ману ҳамсарам бо ишқу муҳаббат хонадор гаштем. Шавҳарам ҷавони муҷаррад буд ва пеш аз ман ягон зани дигар надошту бо касе ишқварзӣ ҳам накардааст. Ба саволи як мухлиси дигараш дар мавриди бо Фирӯза Ҳафизова душман буданаш хонум Зулайхо иброз дошт, ки онҳо ягон хусумати шахсӣ надоранд, вале аз рӯйи иғвоангезию шӯрандозии душманон қариб монда буд, ки даст ба гиребон шаванд. 

Хулоса, муддати ду соат ин ҳунарманди машҳур ба саволҳои ҳаводорони ҳунараш содиқона ҷавоб гуфта, дар боби зиндагӣ ва ҳунараш нақлҳои аҷиб кард. Мухлисон аз ин ошкорбаёнии бону Зулайхо ба ваҷд омада, ба ин зебосанами фариштарӯю фариштахӯй аҳсанд хонданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон