ПАНҶ: НУР ОШИҚИ ДУХТАРАШРО ГОВКУШ КАРД

ПАНҶ: НУР ОШИҚИ ДУХТАРАШРО ГОВКУШ КАРД

 Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистон аз сар задани як куштори ваҳшиёна дар ноҳияи Панҷ хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод байни ду сокини маҳаллии ин ноҳия баҳсу мунозира сар зада, муноқишаи лафзӣ бо кордкашӣ ва куштор анҷом ёфтааст.

Тафсилоти бештари ин ҳодисаи хунинро Фараж ба қалам додааст. Ба қавли хабарнигорони ин нашрия, сокини ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ-Нур Нурови 41-сола бо корди говкушӣ гардани ошиқи духтараш Хуршед Ғолибови 21-соларо буридааст. 

Қотил ва мақтул дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд. Хуршед ба духтари ҳамсоя ошиқи зор гашта, волидонашро чанд маротиба ба хостгорӣ мефиристад, аммо ягон мурод ҳосил намешавад. Нуров бо баҳонаи он ки духтарашро ба як хешаш номзад кардааст, хостгории ҳамсояро рад мекунад. Хуршед, ки дар ишқи ҳамсоядухтар Маҷнуни сонӣ гашта буд, ба тақдир тан надода, домодшавандаро ба сӯҳбати як ба як даъват менамояд, аммо вохӯрии ду рақиб ба таври фоҷиавӣ анҷом ёфт. Падари духтар аз мақсади ҳамсоябача огоҳ шуда бо фиреб Хуршедро ба манзилаш медарорад ва бо корди говкушӣ бераҳмона гардани ин ошиқи зорро мебуррад. Ҷисми бе ҷони ин ошиқи нокомро субҳи имрӯз волидону пайвандон ва ҳамдеҳагонаш бо нолаҳои зор дар оромгоҳи деҳа ба хок супурданд. Нисбати Нур Нуров парвандаи ҷиноятӣ боз гашта, айни замон ин падари бераҳм дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. подробнее тдж: https://oila.tj/news/pan-nur-oshii-dukhtarashro-govkush-kard

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон