МАРГИ ФОҶИАВИИ БИЗНЕСМЕНИ ТОҶИК ФАРМОИШӢ БУД Ё ТАСОДУФ?

МАРГИ ФОҶИАВИИ БИЗНЕСМЕНИ ТОҶИК ФАРМОИШӢ БУД Ё ТАСОДУФ?

 Дирӯз, тахминан соатҳои 11.00 дар шаҳри Дубай фоҷиа рӯй дода, боиси марги як ҷавони тоҷик гашт...

Тавре ки ба сомонаи  Oila.tj  хабар доданд, қурбонии ин фалокат Саламшоҳ Ҳакимов, аслан зода ва сокини шаҳри Норак буда,бо нияти тиҷорат ба шаҳри Дубай сафар кардааст. Саламшоҳ ба тиҷорати нақлиёт сару кор дошт ва бо чанд нафар дӯстонаш аз хориҷи кишвар мошинҳои зебою гаронбаҳоро ба Тоҷикистон ворид менамуд. Тиҷорати ин ҷавони тоҷик дар авҷ буд, вале сафари навбатиашон хунбор анҷом ёфт. 

Дониёр, яке аз дӯстони наздики Саламшоҳ ба мухбири сомонаи Oila.tj Рустам Азимӣ тафсилоти ин ҳодисаи хунинро нақл карда гуфт: -Мошини тамғами Мерседес –компрессор, ки Саламшоҳ мусофири он буд, дар чорроҳаи назди яке аз меҳмонхонаҳои боҳашаммати шаҳри Дубай ба мошини Лексус 570 бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин садамаи хунин Саламшоҳ сахт захмӣ шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

 

Саламшоҳ Ҳакимов дар кӯчаи Кастрономи шаҳри Норак зиндагӣ мекард ва ҷасади ин ҷавони ормонӣ рӯзҳои наздик ба зодгоҳаш оварда хоҳад шуд. Мо ба волидону пайвандони марҳум дар таҳаммули ин фоҷиа аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил хоҳонем. подробнее тдж: https://oila.tj/news/margi-foiavii-biznesmeni-toik-farmoish-bud-e-tasoduf

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон